Таҷлили Рӯзи модар дар Кӯлканд

Дар маркази фарҳангии «Бародарон»-и ҷамоати деҳоти Кӯлканд ба ифтихори Иди модарон, ки ҳамасола санаи 8-уми март таҷлил карда мешавад, бо ширкати фаъолзанони деҳот ҷамъомади идона баргузор гардид. Раиси ҷамоати деҳоти Кӯлканд Аббосхон Маҳмудов доир ба мақому манзалати зан ҳарф зада, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи занон ёдовар шуд: «Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки зан чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва баркамол расонандани фарзанд аст. Ҳамзамон зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар тамоми самтҳои афзалиятноки кишвар соҳиби мақоми хоса ва фаъолияти бобарор ҳастанд. Аз ин рӯ, аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан - Модар ташкил медиҳад. Баромадкунандагони дигар низ занону бонувонро бо фарорасии Рӯзи модар муборакбод намуда, зикр намуданд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар тамоми самтҳои афзалиятноки кишвар соҳиби мақоми хоса ва фаъолияти бобарор ҳастанд. Воқеан, басо рамзист, ки соли равон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст ва бонувону ҷавондухтарон чун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар руҳду нумуи ин соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузоранд. Бояд тазаккур дод, ки ба гурӯҳи модарони сарбозон, ки дар раванди тантанаҳои идона ширкат ва ҳузур доштанд, Сипосномаҳои ҷамоати деҳот, комисасариати ҳарбии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравū тақдим карда шуд. Сипас, як қатор бонувони пешқадами соҳаҳои мухталиф ва ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравū сарфароз гардонида шуданд. Барномаи ҷолиби фарҳангии омодасохтаи ҳунармандону хунёгарони деҳа иборат аз суруду таронаҳои дилнишин, баёни таронаҳои дилангез дар васфи бузургии зан-модар ҳамоишро шукуҳи тоза бахшид.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав