Таҷлили Рӯзи модар дар Шаҳрак

ҷиҳати арҷгузорӣ ба бузургиву меҳрубонии бонувону модарон ва ба ифтихори Рӯзи модар бо ширкати фаъолон, собиқадорони арсаи меҳнат, муҳассилину муаллимони муассисаҳои маориф ва пешқадамони бахшҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт аз ҷумлаи занон ҷамъомади бошукӯҳи идона доир карда шуд. Раиси ҷамоати деҳоти Шаҳрак Мубашира Мирзохоҷаева бо самимияти пурнишот кулли бонувони деҳотро ба муносибати фарорасии баҳори хуҷастапай ва Рӯзи гиромидошти Модар табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд. Мавсуф бо зикри саҳму нақши занҳо дар густаришбахшии сатҳи маънавиёти мардум, бунёди оилаҳои хушбахт ва таълиму тарбияи фарзандон, ҳамзамон изҳори умедворӣ намуд, ки бонувон минбаъд бо пайгирӣ аз анъанаҳои неки аҷдодӣ дар тозаву озода намудани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон ва маҳаллу гузари худ, ба тартиб овардани боғу гулгаштҳо, шинонидани гулу ниҳолҳо ва истиқболи сазовори Наврӯз низ саҳми шоиста мегузоранд. Минбаъд барои фаъолияти пурсамар, саҳми муассир дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ободонии диёр дар вазъи тантанавӣ як қатор бонувон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии ҷамоат сарфароз гардонида шуданд. Барномаи зебои фарҳангӣ дар васфи зан – модар анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав