Таҷлили Рӯзи модар дар Навгилем

Рўзи Модар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навгилем ҳамчун нишонаи арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришт, эҳтироми беандоза ва сипоси бепоён ба мақому мартабаи Зан – Модар бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии «Навгилем» маҳфили идонаи фаъолзанони ҷамоати деҳоти Навгилем баргузор гардид. Раиси ҷамоат Аҳмадхӯҷа Болтаев бо баробари таҳнияти аҳли маҳфил бо фарорасии фасли нозанини сол -баҳор ва Иди модарон, аз саҳми шоёни бонувони диёр, аз ҷумла занону духтарони деҳа дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавият, гузашта аз он дар тарбияи насли созандаву бунёдкор ва ватандӯст ёдовар гардид. Зимнан бо қаноатмандū зикр гардид, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навгилем 41 нафар бонувон дар вазифаҳои роҳбарикуннда қарор дошта, дар соҳаҳои гуногун босамару пурмаҳсул меҳнат мекунанд. Дар интихоботи ахири вакилони МН МО ҶТ, маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ҷамоатҳо, ки дар ҳама қитъаҳои овоздиҳии ҳудуди ҷамоати деҳоти Навгилем муташаккилона ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ сурат гирифт, аз ҷумлаи занон як нафарӣ ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳр ва 5 нафар ба Маҷлиси ҷамоат вакил интихоб гардиданд. Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Шаҳло Абдуманнонова ҳамзамон бо муборакбодии самимонаи хеш, хоса зикр намуд, ки раванди маъракаи муҳими сиёсӣ - Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо бори дигар собит намуд, ки занони Исфара дар ҳақиқат нерӯи бузурги ҷомеа ҳастанд. Бо дарёфти беш аз 77 дар сади овозҳои интихобкунандагон бори дуюм ба намояндагии мардуми Исфара дар парлумони мамлакат шарафёб гардидани яке аз занони соҳибмақом ва барӯманди шаҳр - номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Исфара №20, Мавзуна Шамсиддинзода далели ин гуфтаҳост. Сипас, як қатор бонувони пешқадами соҳаҳои мухталиф ва фаъолони ҷамоат бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравū сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, барномаи ҷолиби фарҳангии омодасохтаи ҳунармандону хунёгарони Хонаи маданияти деҳа бо иштироки Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исроил Файзиддинов ба аҳли ҷамъомад таассуроти неку бебозгашт бахшид.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав