Дар деҳаи баландкуҳи Ворухи шаҳри Исфара

Дар деҳаи баландкуҳи Ворухи шаҳри Исфара ҷашни ҷавонон дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол, дар сатҳи баланду шоиста таҷлил гардид. Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар хиёбони марказии деҳа оғозбахши тантанаҳои идона буд. Дар раванди ҳамоиши бошукӯҳи идона, ки дар майдони Парчами давлатии маркази деҳа сурат гирифт, аҳли ҷамъомад ва дар симои онҳо кулли ҷавонони саодатёри диёрро ба шарафи Рӯзи ҷавонон раиси ҷамоати деҳоти Ворух Меҳриниссо Раҳматова самимонаву сидқан шодбош гуфт. Мавсуф ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавононро далели равшани таваҷҷўҳ ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд ва ҳамзамон бо зикри дастовардҳои ҷавонони Исфарамарз дар самту соҳаҳои гуногун ба ҷавонони фаъол сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Меҳриниссо Раҳматова дар интиҳо изҳори умедворӣ аз он намуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд. Барномаи ҷолиби фарҳангие, ки саршор аз созу навои ҷавонӣ буд, тантанаи идонаро шукӯҳи тозае бахшид.

Хабарҳои нав