ИДИ ҶАВОНИ ДАР ИСФАРА

Дар шаҳри Исфара Рӯзи ҷавонон дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда, дар сатҳи баланду шоиста таҷлил гардид. Нахуст, ҳазорҳо нафар ҷавонони шахру дехоти Исфара бо шиорҳои ватандӯстонаву парчамҳои давлатū зери шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» дар хиёбони марказии шаҳр раҳпаймоӣ намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд. Бояд тазаккур дод, ки алхол дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара беш аз 91 ҳазор ҷавонони то 30 сола зиндагū ба сар мебаранд, ки дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт нақши назаррас доранд. Дар чорабинии идона, ки бо ҳузури ҳазорон нафар ҷавонони худогоҳу созанда дар майдони Парчам доир шуд, Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода фарорасии ин рӯзи саид ва баргузории ин маҳфили бошукӯҳи ҷавониро ба кулли ҷавонони Исфарамарз самимона муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки барои ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарасти тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати сулҳофаронаву ваҳдатгароёна, хирадмандонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона қадамҳои устувор мегузорад. Мавсуф ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавононро далели равшани таваҷҷўҳ ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд. Хамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд. Мо умедворем, ки ҳар яки шумо ҷавонони бонангу номуси диёр адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, оянда дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоред- иброз дошт раиси шахри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Минбаъд ба як катор чавонони фаъол, донишчуён ва муҳассилини аълохони макотиби тахсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Исфара идрорпулихои раиси шаҳр ва сипосномахои макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд. Дар анҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатū манзури ҳозирин гардонида шуд.

Хабарҳои нав