Паёми табрикии Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бахшида ба Рўзи ҷавонон

Ин рӯзҳо дар қаламрави Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар радифи дигар ҷашнҳои муҳими давлатӣ Рӯзи ҷавонони кишвар дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол ёфта, дар сатҳи баланду шоиста таҷлил мегардад. Аз фурсат истифода намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шумо ҷавонони Исфараро бо фарорасии ин рӯзи саид самимона муборакбод мегӯям. Бароятон иқболи накӯ ва садоқат ба Ватанро таманно дорем. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон далели равшани таваҷҷўҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат мебошад. Аслан, ҳар тадбире, ки дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти Исфара амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти шумо - ҷавонон аст. Зеро, тавре Пешвои муаззами миллат зимни суханрониҳои хеш борҳо таъкид кардаанд: - “Тоҷикистон – Ватани ҷавонон аст!” Чуноне шумо худ огаҳӣ доред, дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз тарафи Пешвои муаззами миллат ифтитоҳи якчанд иншоотҳои муҳим: мавриди истифода қарор гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар пайгирӣ аз сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат, бо назардошти саҳму нақши тақдирсози соҳаи маориф дар таълиму тарбияи насли наврас, тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Рӯзи якшанбеи гузашта дар шаҳр Рӯзи Дави миллӣ бо иштироки зиёда аз 3 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногун, инчунин чорабинихои варзиши ва махфилу конфронсхо баргузор гардиданд. Раванди баргузории чорабиниҳои мазкур далолат аз он доштанд, ки ҷавонони Исфара дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ ҳастанд, аз сиёсату иқдомоти ояндасози Пешвои муаззами миллати худ якдилона ва амалан ҷонибдорӣ мекунанд. Тибқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ дар соли 2022 озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фуруғи маърифат», ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор карда шуда истодааст. Итминони комил дорам, ки ҷавонони шаҳри Исфара дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзида, истеъдод ва дониши мукаммали худро нишон медиҳанд ва ба гирифтани шоҳҷоиза ва мукофотҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф мегарданд. Бояд гуфт, ки зиндагии ободу осудаҳолона ва ҳама пешрафту дастовардҳои мо маҳз бо шарофати амалигашти сиёсати хирадмандона ва дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни муҳтарам Президенти мамлакатамон мебошад. Аз ин рӯ, шумо – ҷавонони азиз бояд шукрона кунед, ки чунин Пешвои азизу маҳбуб ва ғамхору дилсӯз доред. Ҳар яки шумо бояд, ки натанҳо дар сухану гуфтор, балки дар амал пайрави асили Пешвои миллат будани худро собит намоед. Чун насли ояндасози Ватанамон бояд ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи илму дониш, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши забони забонҳои хориҷӣ бошед. Мо умедворем, ки ҳар яки шумо ҷавонони бонангу номуси диёр адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, оянда дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоред. Бо чунин умедҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо –ба муносибати Рўзи ҷавонон самимона табрик карда, ба ҳар кадоматон бахту иқболи нек ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоям. Ҳамеша ғамхор ва дӯстдору ҳимоятгари Ватан бошед!

Хабарҳои нав