БАҲОВАДДИН БАҲОДУРЗОДА: ТАЪМИНОТИ ОБ МУВОФИҚ БА МЕЪЁР СУРАТ МЕГИРАД

Раванди таъминоти бо оби нӯшокӣ ва полезӣ мудом зери назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара қарор дошта, бо назардошти обгардиш дар дарёи Исфара ва дигар манбаъҳои обӣ обёрии заминҳо ва таъмини аҳолӣ бо он сурат мегирад. Бояд гуфт, ки аз сабаби бебориш омадани зимистони имсола дар минтақа ва камобии дарё дар баъзе мавзеъҳо танқисии об эҳсос карда мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот ва истифодаи самараноки об аз ҷониби роҳбарияти шаҳр чораҳои таъхирнопазир андешида шуда истодаанд. Барои ин реҷаи бастани об ба ҷӯю каналҳо тартиб дода шуда, мутобиқи он додани об ба аҳолӣ роҳандозӣ карда шуда истодаанд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки аз дарёи Исфара натанҳо заминҳои шаҳру деҳоти Исфара, балки заминҳои Конибодому баъзе ноҳияҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон обёрӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз талабот ба об дар мавсими имсола нисбат ба дигар солҳо аз сабаби камборишӣ зиёд гардидааст. Ҳоло ҳаҷми оби ба дарёи Исфара воридмегардида 2600 литр дар як сонияро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ барои обёрии 2000 гектар замин кифоят мекунаду бас. Оид ба таъмини аҳолӣ бо об дар он маҳаллаҳое, ки аз канали “Дӯстӣ” обёрӣ карда мешаванд, бояд гуфт, ки мутобиқи созишномаҳои дахлдор аз 1 апрел то 1 июн ҳамасола об ба ин канал баста намешавад. Яъне давоми ду моҳ ин канал об надорад. Аммо ба хотири таъмини минтақаҳои тоҷикнишин бо об ва роҳандозии обёрӣ алҳол ба ин канал дар ҳаҷми 500 литр дар як сония об баста шудааст. Тавассути 9 нуқтаҳои обгирӣ заминҳои маҳаллаҳои Ибод Файзуллоеву Кунҷак, Бӯстону Лангари ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва қисман заминҳои ҷамоати деҳоти Сурх алҳол об гирифта истодаанд. Ҳамзамон дар асоси созишнома ба дарёи Исфара аз обанбор ин шабу рӯз 3 куб об дар як сония ҷорӣ мешавад ва он баҳри обёрии заминҳои поёнӣ равона гардидааст. Чӣ тавре зикр гардид, таъминоти аҳолӣ бо об аз самтҳои афзалиятҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буда, аҳолӣ набояд сари ин масъала нигаронӣ дошта бошанд ва ба таҳлука афтанд. Танҳо зарур аст, ки бояд об самаранок истифода гардад. Ба исрофкории об роҳ додан ҷоиз нест.

Хабарҳои нав