Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар соли 2021

Раёсати молия дар шаҳри Исфара бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва Сарраёсати молия дар вилояти Суғд як қатор корҳои амалиро вобаста ба таъмини иҷрои буҷет ба сомон расонид. Давоми соли 2021мувофиқи таҳлилҳо воридоти буҷети давлатӣ беназардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 105%, воридоти буҷети маҳаллӣ бошад101,1 % - ро ташкил додааст. Яъне дар 12 моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба буҷети давлатӣ ба маблағи 31 милиону 707 ҳазору 775 сомонӣ (138329642-106621867) зиёд ворид гардида, ба буҷети маҳаллӣ бошад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи18 милиону 527 ҳазору 741сомонӣ (95603910-77076169) зиёд ворид гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад дар ин давра ба андозаи101,1%иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ мебоист 94 милиону 519 ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан бошад 95 милиону 603 ҳазору 910сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 1милиону 84 ҳазору 910сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ бошад ба андозаи 114,9 %иҷро гардида, мебоист ба буҷети ҷумҳуриявӣ 37 милиону 201ҳазор сомонӣ ворид гардад, амалан 42 милиону 725 ҳазору 732сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша5 милиону 524 ҳазору 732сомонӣ зиёд мебошад. Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда бобати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз 11 намуди сарчашмаҳои ба нақшагирифташуда2 намуди он иҷро нагардида, дар маҷмўъ аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 5 милиону 965 ҳазору 982сомонӣ кам андоз ворид гардид. - андоз аз даромади шахсони воқеъӣ 98,7 % ё 448 ҳазору 769сомонӣ; - андоз аз фоидаи шахсониҳуқуқӣ70,5 % ё 5 милиону 517 ҳазору 213сомонӣкам аз нақшамебошад. Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба 01.01.2021 ба андозаи 1 милиону 18 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, маблағи он хеле калон боқи монда 8,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани 2 намуди андоз, ин дар алоқамандии хуруҷи касалии сироятии COVID-19 ва бо ин васила сар задани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти кишварамон таъсири манфӣ гузошта истодааст, мебошад. Сабабҳои иҷро нагардидани андоз аз даромади шахсони воқеъӣ ва андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ асосан дар он аст, ки соли 2020 аз таъсири касалии сироятии COVID-19 ва баста шудани роҳҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар ин замина қариб як баробар кам гардидани воридоти маблағҳо аз ҳисоби муҳоҷирон тақрибан ба маблағи 4 милион сомонӣ андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ кам гардид. Андоз аз даромади шахсони воқеъӣ бошад асосан аз ҳисоби пурра ба ҳисоб нагирифтани шумораи кормандон дар баъзе коргоҳу ташкилотҳои хусусӣ ва зиёд гардидани воҳидҳои холии корӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мебошад. Сабабҳои дигари сифатнок иҷро нагардидани 2 намуди андоз, ин бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ ва ба фурӯш нарафтани молу маҳсулоти ин корхонаҳо мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳои саноатӣ аз рӯи нақшаҳои лоиҳавӣ ба пуррагӣ ба кор андохта нашудааст. Бақияи молу маҳсулотҳои ба фурӯш нарафтаи дар анбор будаи корхонаҳои саноатӣ бошад зиёда аз 20 миллион сомониро ташкил дода, омили суст гардидани пардохтҳои андозҳо гардида истодааст. Инчунин дар дувоздаҳ моҳи соли 2021 аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани нақшаи андозҳои танзимшаванда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 5 милиону 524 ҳазору 732 сомонӣ зиёд пардохт гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷети маҳалли тақрибан ба маблағи 1 милиону 750 ҳазор сомонӣ кам пардохт гардид. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар дувоздаҳ моҳи соли 2021, 75 адад корхонаю ташкилотҳо фаъолияташонро суст намуда, нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 2 милиону 864 ҳазору 328 сомонӣ кам андоз супоридаанд. Дар ин давра 16 адад корхонаю ташкилотҳои дар қайд буда бо сабабҳои гуногун умуман андоз насупориданд. Дар давраи ҳисоботи фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноат, ки сарчашмаи асосии манбаи андозбандӣ ба ҳисоб меравад, манфӣ арзёбӣ гардидааст. Аз он ҷумла, дар соли ҷорӣ 7 адад корхонаҳои саноатӣ умуман ягон молу маҳсулот истеҳсол ва кору хизматрасонӣ нанамуданд ва 11 адад корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоташонро нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3 милиону 977 ҳазор сомонӣ кам кардаанд. Фурӯши маҳсулотҳои саноатӣ бошад аз ҳисоби 6 адад корхонаҳо нисбат ба соли 2020 ба маблағи 565 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Гарчанде, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 106,3 % таъмин гардида бошад ҳам, аммо дар ин самт аз ҳисоби 245 адад субъектони хоҷагидорӣ, 78 адади онҳо ба маблағи 1 милиону 473 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулакиро кам намудаанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи кормандон, ки ба онҳо музди меҳнат ҳисоб карда мешавад, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (13800-13600) 200 нафар зиёд гардидааст. Аз тарафи Раёсати молия дар шаҳри Исфара баҳри дар амал татбиқ намудани супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати молия дар вилояти Суғд доир ба дарёфти манбаю даромадҳои иловагӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани даромади буҷет дар дувоздаҳ моҳи соли 2021, дар ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркуҳ, Ворух, Навгилем, Кулканд, Чилгази, Лаккон, Хонобод ва Нафтобод аз тарафи кормандони раёсат бо ҳамбастагии кормандони нозироти андоз ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз аз молу мулк ва замин ҷамъоварии андозҳои муқарраргардида ба роҳ монда шуда, корбарӣ дар ин самт мунтазам идома дорад. Ҳамзамон дар як вақт зиёда ба 1600 хоҷагӣ огоҳиномаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти бучети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 95,7% таъмин карда шуда, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 137 милиону 39 ҳазору 320 сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад 131 милиону 88 ҳазору 792 сомонӣ хароҷот гардид, ки нисбати нақша ба маблағи 5 милиону 950 ҳазору 528 сомонӣ кам мебошад. Хароҷот мувофиқи соҳаҳо чунин сурат гирифтааст: - Соҳаи Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ба андозаи 88,5 % ё ба маблағи 5 милиону 506 ҳазору 444 сомонӣ буда, ба маблағи 712 ҳазору 689 сомонӣ кам аз нақша (6 милиону 219 ҳазору 133 сомонӣ); - Соҳаи Мудофиа ба андозаи 86,8% ё ба маблағи 174 ҳазору 995 сомонӣ; - Соҳаи Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 98,4% ё ба маблағи 316 ҳазору 190 сомонӣ; - Соҳаи Маориф ба андозаи 95,3% ё ба маблағи 77 милиону 614 ҳазору 545 сомониро ташкил дода, ба маблағи 3 милиону 840 ҳазору 206 сомонӣ кам аз нақша (81 милиону 454 ҳазору 751 сомонӣ); - Соҳаи Тандурустӣ ба андозаи 97,8% ё ба маблағи 41 милиону 276 ҳазору 452 сомонӣ буда, ба маблағи 937 ҳазору 258 сомонӣ кам аз нақша (42 милиону 213 ҳазору 710 сомонӣ); -Соҳаи Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 99,4% ё ба маблағи 772 ҳазору 878 сомониро ташкил дода, ба маблағи 4 ҳазору 478 сомонӣ кам аз нақша (777 ҳазору 356 сомонӣ); -Соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ ба андозаи 93,6% ё ба маблағи 2 милиону 193 ҳазору 351 сомонӣ буда, ба маблағи 269 ҳазору 529 сомонӣ кам аз нақша (2 милиону 342 ҳазору 436 сомонӣ); -Соҳаи Фарҳанг ва варзиш ба андозаи 91,1% ё ба маблағи 2 милиону 753 ҳазору 386 сомониро ташкил дода, ба маблағи 269 ҳазору 529 сомонӣ кам аз нақша (3 милиону 22 ҳазору 915 сомонӣ); -Соҳаи Кишоварзӣ ба андозаи 98,9% ё ба маблағи 480 ҳазору 551 сомониро ташкил дода, ба маблағи 5 ҳазору 207 сомонӣ кам аз нақша (485 ҳазору 758 сомонӣ). Раёсати молия дар шаҳри Исфара оиди андешидани чораҳо доир ба дуруст ба роҳ мондани татбиқи сиёсати андозбандӣ, саривақт ва босифат иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷет, дарёфти манбаҳои иловагӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин барои дуруст ба ҳисоб гирифтани объектҳои нави молу мулки ғайриманқул ва замин дар ҳудуди шаҳр ва бо ин васила ба андозбандӣ ҷалб кардани онҳо дар якҷояги бо кормандони нозироти андоз корҳои амалиро ба роҳ монда истодааст.

Хабарҳои нав