Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои марзӣ харобшуда дидан кард

Субҳи имрӯз раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи январ рухдода дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх хароб гардида буданд, боздид кард. Дар ин боздид ва мулоқот бо сокинони зарардида раиси шаҳрро намояндагони сохторҳои марбута ҳамроҳӣ доштанд. Зимни мулоқот шаҳрдори Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо вобаста ба оқибатҳои зарари расида суҳбатҳо анҷом дод. Таъкид карда шуд, ки вазъи сарҳадот ва манотиқи марзӣ ҳамеша мадди назари роҳбарияти кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Баҳри таъмину осоиштагии мардум ва ҳалли мусолиҳаомези мушкилотҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. Зимни мулоқот инчунин вобаста ба оқибати ин муноқишаҳо ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии онҳо изҳори назар карда шуда, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз сохторҳои марбута дархост ба амал овард, ки дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ кумакҳои худро дареғ надоранд. Дар навбати худ сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх таъкид доштанд, ки руҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат мушкилиҳои ҷойдошта ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Хабарҳои нав