ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ВОРУХ ВА ШӮРОБ ҶАМОАТҲОИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Озмуни вилоятии "Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин" ҷамъбаст ва Ҷамоати деҳоти Ворух "Деҳоти беҳтарин"-и соли 2021 дар вилояти Суғд дониста шуда, бо диплом, вимпел калиди рамзӣ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Ҷамоати шаҳраки Шӯроб бошад, байни шаҳракҳои вилоят мақоми дуюмро ишғол кард ва бо Диплому мукофот қадршиносӣ карда шуд . Озмуни мазкур бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва ғолибон бо дарназардошти фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии деҳот, пешбурди назарраси корҳои ободонию бунёдкорӣ,ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таъриху тамаддуни тоҷикон гардиданд. Зимни супоридани диплому мукофотҳо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо баробари таҳнияти ғолибони озмун афзуд, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар вилояти Суғд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтанд. Обод гардидани даҳҳо километр роҳҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тиб ва фарҳанг аз дастовардҳои муҳимми солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд Ин комёбиҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар Ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву меҳанпарварона барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем. Баҳри ояндаи рахшон минбаъд низ пайваста талош хоҳем кард

Хабарҳои нав