ДИДОРБИНИИ ИШТИРОКЧИИ ҶБВ ВА АЁДАТИ ЯТИМИ КУЛ

Дар арафаи таҷлили Соли Нави 2022 раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои деҳоти Лаккон, Чилгазӣ ва Кӯлканд собиқадорони меҳнат, ниёзмандон, ятими кул ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд Амали мазкур дар пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Зимни дидорбинӣ шаҳрдори Исфара аз заҳматҳои собиқадорон дар пешрафти Тоҷикистон, ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор ёфтани рӯзгори оилаҳои ниёзманд ва бо ғамхорӣ фаро гирифтани ятимони кул изҳори назар карда, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯз дар кишвари мо ҳамаи қишрҳои ҷомеа мавриди таваҷҷуҳу меҳрубонӣ қарор доранд. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат фазои сулҳу субот ҳукмфармост ва рисолати шохаҳои ҳокимият ин бо ғамхорӣ фаро гирифтани ниёзмандону арҷгузорӣ ба заҳматҳои собиқадорон мебошад. Хосса аёдати ятими кул дар Ҷамоати деҳоти Лаккон муассир буд ва далели онро дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар симои раиси он Баҳодурзода Баҳоваддин мудом дар фикри нафарони беволидайнмонда мебошанд. Дидорбинӣ бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иосиф Зоҳидов дар деҳаи Чилгазӣ бозгӯйӣ аз он кард, ки корнамоиҳои падарон ҷовидонист ва аҷргузорӣ ба ҷоннисориҳои онҳо мактаби тарбияи наслҳо мебошад. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни аёдати ин марди шуҷоъ рӯзгор ва корнамоиҳои ҷангии ӯро намунаи ибрати дигарон хонд. Ҳангоми дидорбинӣ ба аёдатшудагон кумакҳои моддиву туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Хабарҳои нав