ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА БАҲОДУРЗОДА БАҲОВАДДИН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ифтихори фарорасии Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура, ки ҳамасола рӯзи 14-уми март расман, дар сатҳи давлатӣ ва шоиста таҷлил ёфта, баёнгари боварию эътимоди роҳбарияти олии кишвар ва шаҳрвандони мамлакат ба ин ниҳоди муҳимму баландпоя мебошад, собиқадорони соҳа ва кулли кормандони мақомотро самимонаю сидқан табрику таҳният мегӯям. Бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд». Мусаллам аст, ки ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замони соҳибистиқлолии мамлакат ва таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад ва саҳми кормандони ин мақомот дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, назаррасу муассир арзёбӣ мегардад. Хоссатан бояд зикр намуд, ки нақши мақомоти прокуратура дар назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин муқовимат бо экстремизм ва терроризм басо бузург мебошад. Боиси қаноатмандист, ки дар ин радиф кормандони прокуратураи шаҳри Исфара низ вазифаҳои бошарафонаи худро дар самтҳои таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин назорати риоияи дақиқи қонунҳоро дар қаламрави шаҳр бо ҳисси масъулият, маҳорати баланди касбӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро менамоянд. Саҳми кормандони прокуратураи шаҳр дар раванди таъмини ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб задани шаҳрвандон басо назаррас буда, онҳо бо фаъолияти садоқатмандона ва босамари худ ба эътимоду эҳтиром ва боварии сокинони шаҳр сазовор гардидаанд. Кормандони мақомоти прокуратура барҳақ такягоҳи боэътимод, симо ва чашми давлат, кафили волоияти қонун, сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва миллат, пуштибони адолату ростӣ, ҳимоятгари ҳақиқату адлу инсоф ҳастанд. Дар адои ин вазифаи пурмасъулу пуршараф ба онҳо барори кор, тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва комёбиву сарбаландиҳои рӯзафзун таманно дорам.

Хабарҳои нав