ҚАДРШИНОСИИ 34 НАФАР АҲЛИ ҚАЛАМ ДАР ИСФАРА

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо қарори худ собиқадорони соҳа, кормандони расонаҳои хабарӣ ва ҳам корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро дар сатҳи шоиста қадршиносӣ намуд. Муборакбодии самимонаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро ба ифтихори санаи муҳими таърихиву фарҳангӣ, 109 – умин солгарди рӯзи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар раванди маҳфили ҷашнӣ муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ба аҳли қалам ва ҳам ба кулли алоқамандони матбуот нек баён намуд. Мавсуф ҳамзамон бо зикри нақшу мақоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, инчунин дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик, ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро нишони таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма ва гувоҳи болоравии эътибори аҳли матбуот арзёбӣ кард. Тавре зикр гардид, агар то соли 1991 дар шаҳри мо танҳо як рӯзномаи шаҳрӣ бо номи –«Насими Исфара», ки дар гузашта «Коммунисти Исфара» унвон дошт, ба табъ расад, алҳол маҷаллаи адабию фарҳангии “Ганҷи Исфара”, нашрияҳои хусусиву идоравии «Имрӯз», «Хазинаи маърифат», “Навиди Донишгоҳ”, инчунин «Телевизиони Исфара», Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара», намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» фаъолияти босамари эҷодӣ доранд. Ҳар яке аз онҳо дар доираи имконоти эҷодӣ ва техникии худ фазои иттилоотиро пур карда, дар самти инъикоси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр кор мебаранд. Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо воситаҳои ахбори омма, новобаста аз шакли моликият, ҳамкории хубу самаранок дорад ва барои ҳалли масоили иҷтимоӣ аз нерӯи зеҳнии журналистон истифода бурда, мунтазам аҳли қаламро дастгирӣ менамояд. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ҳамзамон ёдоварӣ аз он намуд, ки ки соли 2021 барои аҳли қаламу эҷоди Исфара соли воқеан ҳам хушоянду хотирмон хоҳад буд, зеро давоми сол 3 нафар рӯзноманигорони варзида ва адибони маъруф, устодони сухан Додохони Эгамзод, собиқ сармуҳаррирони рӯзномаи “Насими Исфара” Лумониддин Камолиддинов ва Судуриддин Махкамов 70-солагии рӯзи мавлуд ва ҳам ҷашни анқариб нимасраи фаъолияти эҷодии худро таҷлил менамоянд. Бо истифода аз фурсати муносиб мавсуф аз номи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳибҷашнҳои муҳтарамро, ки чун суханварони соҳибистеъдод умри бобаракати худро сарфи ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи журналистика ва хидмат ба халқу Ватан намудаанд, бо ҷашни зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфт. Барои фаъолияти тӯлонию пурсамари эҷодиашон ба онҳо сидқан арзи сипос намуда, ба соҳибҷанон сиҳатмандӣ, умри пурбаракат, хонаободӣ ва давлати бардавоми пирӣ орзу кард. Мадина Бобоиён изҳори уммедворӣ аз он дошт, ки аҳли қалами шаҳр, ҳамзамон бо иҷрои комили рисолати касбии худ, баҳри таъмини амалигашти ҳадафҳои неку ояндасози пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат, таблиғу ташвиқи дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат ва инъикоси саривақтии ҳаёти ҷамъиятию сиёси иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр саҳми муассири худро мегузоранд. Дар раванди маҳфил собиқадорони соҳа, собиқ сармуҳаррирони рӯзномаи “Насими Исфара” рӯзноманигор ва адиби маъруф Мавлониддин Пӯлодов, дорандаи ордени «Шараф» Судуриддин Маҳкамов, сармуҳаррири нашрияи “Хазинаи маърифат” Исматҷон Пӯлодов, раиси Шӯрои шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдумуталлиб Шарифов, публитсист ва шоири маъруф Исматуллоҳи Абдулло бо баробари таҳнияти ҳозирин ба муносибати ҷашни саид ба кормандони расонаҳои хабарӣ ва аҳли қалам баҳри иҷрои рисолати касбиашон ҳидоятҳои нек доданд. Мутобиқ ба қарори марбутаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода 34 тан аз собиқадорони соҳа ва кормандони расонаҳои хабарӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Маҳфили ҷашнӣ тавре ширкатдоронаш худ изҳор доштанд, барояшон хушоянду хотирмон буд.

Хабарҳои нав