ШўРОБ: ОБОДКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизоркунивуи тамизкории маҳалли зист идома дошта, ҷиҳати анҷоми корҳо аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и шаҳр низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шӯроб корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар ин шаҳраки саноатӣ бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Чунончи бо маблағгузории бевоситаи Ҳукумати мамлакат сохтмони хатти оби нӯшокӣ барои шаҳраки Шӯроб ба итмом расонида шуда, оби ҳаётбахш ҷорӣ гардид. Дар маркази шаҳрак бунёди майдони Парчами давлатӣ ва варзишгоҳи замонавии хурди футбол сурат гирифта, ҳудуди шаҳрак сабзу хуррам ва ободу зебо гардонида мешавад. Сохтмони майдончаи варзишӣ аз ҷониби ҶСШК “Ангишт” ба роҳ монда шудаасту имрўзҳо дар ин иншоот корҳои охирини васлкуниву ободонӣ анҷом дода мешаванд.. Ҳамзамон тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, рангубори биноҳои баландошёна, мумфаршкунии роҳҳо босуръат пеш мераванд. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллии Наврӯз ба анҷом расонидани корҳои ободониву кабудизоркунӣ имкон медиҳад, ки кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятиву саҳни биноҳои хизмативу истиқоматӣ боз ҳам ободу зебо гардад. Ҳамчунин, тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳои шаҳрак аз ҷониби сокинон, кабудизору гулзор намудани майдонҳо, рӯбучини гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, корхонаву ташкилот ва дигар корҳои ободонӣ шаҳодатгарионаст, ки мардум баҳори хушиқболро бо тозакориҳо ва дастовардҳои навин пешвоз гирифтанианд. Дар маҷмӯъ, сокинони шарафманди шаҳраки Шӯроб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистони азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои дар пешистода ҷаҳду талош доранд.

Хабарҳои нав