Дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи маъракаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки ангиштканон – Шӯроб бунёди иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда ва дигар корхои ободонӣ вусъати тоза мегиранд. Аз чумла, то ба имрўз корҳои сохтмонии хати оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони шаҳрак бо қубурхобонӣ дар масофаи 11,2 км ва ҳам бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб анҷом расида, оби ҳаётбахш ба ҳавз ҷорӣ гардид. Ҷоизи зикр аст, ки иншооти мазкур дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 14 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва алҳол навсозӣ ва азнавбарқароркунии хатҳои обгузари 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии дар ҳудуди шаҳрак мавҷуда, яъне то ба манзили сокинон расонидани оби тоза ва иҷрои дигар корҳои ободонӣ вусъати тоза ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки бунёди майдончаи замонавии варзиши, ки дар маркази шахрак бо ибтикори ҶСШК «Ангишт» сурат мегирад, ба таври назаррас пеш меравад. Хамзамон дар шахрак айни замон тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, ободонии худуди биноҳои истиќомати, ба тартиб овардани роҳу роҳравҳо, сабзкорию ниҳолшинони босуръат идома доранд. Дар ин радиф бо мақсади саҳмгирӣ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳалли зисту фаъолият рўзхои истирохат намояндагони чомеахои мехнатии шахри Исфара бахчри кўмак ба шўробихо ба хашар баромада, дар чодаи ободонии худуди вобастакардашуда, тоза кардани нахру ҷӯйборҳо, аз партов тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳо, рӯбучин ва аз алафҳои бегона тоза намудани атрофи корхонаҳо, сафед кардани танаи дарахтон, ҳамчунин дигар корхои ободони саҳмгузорӣ намуданд. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад. Бо максади таквияти корхои созандагию ободкори, боз хам ободу зебо гардонидани шахраки ангиштканон, сокинони шаҳр бо шукронаи фазои осудаву ором, раванди бунёдкориву созандагӣ ва Истиќлолияти давлативу миллӣ якдилона ба хашари умумихалкии ободонӣ баромаданд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин чорабинӣ кормандони корхонаю ташкилотҳо, донишҷӯёну хонандагон ва сокинони шаҳр бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва меҳнатдӯстӣ саҳми худро гузоштанд. Ширкатдорони маъракаи ободонū дар ҷараёни њашари мазкур пурмаҳсул меҳнат намуда, бо вусъати корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ тасмим гирифтаанд як гўшаи кўчаки диёри Тоҷикистони азиз – шаҳраки Шўробро боз ҳам зеботар гардонанд.

Хабарҳои нав