МУЛОҚОТИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ ВИЛОЯТИ ВА ШАҲРӢ БАҲОВАДДИН БАҲОДУРЗОДА БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ОЗОДУ ОШКОРО ВА СОЗАНДА БУД

Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара аз ҳавзаҳои интихоботии "Исфара" рақами 8 ва "Айнӣ" рақами 1, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаҳои интихоботӣ мулоқоти худро бо интихобкунандагонаш баргузор намуд. Мутобиқ ба тартиботи ҷорӣ мулоқот таҳти раёсати раиси ҳавзаи интихоботии "Исфара" рақами 8 Саҳобахон Хусейнова ва муаррифии номзад ба вакилӣ аз ҷониби шахсони боэътимоди ӯ Мухибахон Ёќуби ва Исроил Файзиддинов сурат гирифт. Баромадкунандагон зимни суханронии хеш бо зикри яке аз роҳбарони кордону муваффақ ва ташаббускору соҳибтадбир будани Баҳоваддин Баҳодурзода аз аҳли ҷамъомад хоҳиш ба амал оварданд, ки дар интихобот муташаккилонаю аҳлона ширкат варзанд. Сипас, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси шаҳрӣ Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҳузури ширкатдорони мулоқот бобати нақшаю ният ва лоиҳаҳои созандаю буёндкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мушаххасан сухан ронда, ҳамзамон интихобкунандагонашро ба гуфтугӯи озод даъват намуд. Мардум, ки яқин ташнаи чунин озоду ошкоро ва созанда буданд, пиромуни муҳимтарин мушкилоти иҷтимоии ҷойдошта ва бурду бохти шаҳрдорӣ рӯбарӯ бо шаҳрдор озодона изҳори назар карда, таклифу пешниҳоди мушаххаси худро баён намуданд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамзамон бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати дастгирии ташаббусу иқдомҳои бунёдкоронаи аҳолӣ ва ҳалли мусбӣ бахшидани мушкилоти ҷойдошта, мардумро ба ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии шаҳр даъват намуд. Ў иброз дошт, ки ҳама арзу дархост ва муроҷиатҳои интихобкунандагон ба инобат гирифта шуда оянда дар асоси нақшаи мушаххаси чорабиниҳо, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ва имкониятҳои мавҷуда ҳамаҷониба баррасӣ ва ҳаллу фасл хоҳанд шуд. Моро зарур аст, ки ҳамзамон тибқи дастуру вазифагузориҳои муҳтарам Пешвои миллат пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангию варзишии шаҳрро пайваста мустаҳкам намоем, фарҳанги шаҳрдорӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва солимии афкори аҳли ҷомеаро тақвият бахшем. Мо танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамдастӣ метавонем Исфараи бостониро ба яке аз шаҳрҳои пешрафта ва зеботарини Тоҷикистон табдил диҳем –изҳор дошт шаҳрдор.

Хабарҳои нав