Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар деҳаи Ворух беш аз пеш тақвият меёбад

Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар деҳаи Ворух беш аз пеш тақвият меёбад ва амалигашти силсилаи иқдомот дар ин самт боиси рӯҳбаландии аҳли деҳа гардидааст. Соҳибкорони саховатпеша, муҳоҷирони ватандӯсти зодаи Ворух ва ҳам мардуми созандаю ободкораш аҳлонаю дастҷамъона барои ободу зебо намудани зодгоҳи хеш камари ҳиммат бастаанд. Бар замми иншоотҳои муҳими иҷтимоие, ки бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ бунёд мегарданд, сокинони деҳа низ аз ҷониби хеш баҳри ободонии ҳудуди деҳа, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаву маҳаллаву манзилҳои истиқоматии хеш ташаббускорона кор оғоз намудаанд. Иқдоми дар маркази деҳа бунёд намудани боғ боиси фараҳмандии мардум, алалхусус ҷавонону наврасон гардидааст, зеро дар деҳа то ин муддат ҷойи роҳату фароғате набуд, ки мардум фориғ аз кор истироҳат кунанд. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки ҳанӯз дар сафари аввалини кории худ 27 ноябри соли 2020 тасмими худро бобати минбаъд ӯ як рӯзи ҳар ҳафтаи кории худро дар Ворух гузарониданаш изҳор дошта буд, ба қаву аҳди хеш устувор буда, рӯзи якшанбеи ҳар ҳафта якҷо бо роҳбарону масъулини тамоми сохторҳои марбута дар Ворух фаъолият мебарад. Ҳамзамон бо санҷиши ҳолати иҷрои супоришу дастурҳои ҳафтаи қабл ба масъулин бобати густариш бахшидани раванди корҳои сохтмониву бунёдии иншоотҳои муҳимми ҷашнӣ додашудааш, ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини ободию пешрафти деҳоти наздисарҳадии Ворух тадбирҷӯию мусоидат менамояд. - Бунёди ҳар як иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ дар деҳоти Ворух аҳамияти муҳим дорад, ҳар як амали ободкоронаи мо дар ин деҳа маънии мустаҳкамнамоии марзи давлатиро дорад. Боиси қаноатмандӣ ва шоистаи таҳсину сипос аст, ки ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи моро фарзандони асилу соҳибкорони ватандӯсти деҳа, амалан ҷонибдорӣ мекунанд, ҳарчанд худ дар хориҷи кишвар мусофиру муҳоҷир ҳастанд, бо хайрандешиву олиҳимматӣ баҳри ободонии зодгоҳашон назаррас саҳмгузорӣ менамоянд. Аслан, ҳар як шахси ватандӯст бояд аз корҳои созандагию бунёдкорона дар канор набошад, - изҳор дошт шаҳрдор зимни суҳбати хеш бо мардуми деҳа. Боиси хушнудист, ки сокинони деҳа низ ҳар яке дар ободонии кӯчаю маҳалла ва манзили худ саъю кушиш ва саҳмгузорӣ менамоянд. Чанде аз сокинони деҳа қаноатмандӣ ва сипоси худро ба шаҳрдор ҷиҳати иҷрои саривақтии дархости мардум бобати беҳдошти ҳолати қисмати солиёни зиёд рӯи таъмирро надидаи роҳи Исфара-Ворух самимона изҳор доштанд.

Хабарҳои нав