Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши Исфарагии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи бахши Исфарагии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид. Нишасти мазкур таҳти раёсати муовини аввали раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Содирхон Қосимӣ оғоз гардид. Нахуст масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуд. Раиси Шӯрои шаҳрӣ Акрам Сулаймонзода бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо як овоз раиси Шӯро интихоб шуд. Ҳамчунин ба ҳайати аъзои шӯро низ тағйирот ворид карда шуда, ваколати аъзои нави Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара тасдиќ карда шуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо ёдоварӣ аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистон, нақши калидии Ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва баландбардории сатҳи некӯаҳволии мардум махсус таъкид кард. Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар саросари кишвар обрӯ ва нуфузи беинтиҳо дошта, маҳбуби ҳар як хонадон аст. Маҳз ғояи умумимиллии ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва истиқлолияти давлатиро аз фаношавӣ раҳоӣ бахшид. Қайд гардид, ки таҳкими фаъолияти Шӯрои шаҳрӣ метавонад пеш аз ҳама дар таҳкими дӯстии халқҳо, рушди соҳҳои хоҷагии халқи шаҳр ва бобати ташкили корҳои оммави-сиёсӣ ва тарғиботи-ташвиқотӣ дар байни омма мусоидат намояд. Минбаъд муовини озоди Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Меҳринисо Алиматова оид ба фаъолияти солонаи Шўро гузориш дод. Тавре гуфта шуд айни замон дар шаҳри Исфара 19 созмони минтақавӣ, 225 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шуда, 37102 иштирокчиёнро муттаҳид менамоянд. Номбурда зикр сохт, ки давоми соли ҳисоботӣ аъзоёни ҳаракат дар Исфара яке аз пешоҳангони бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ буданд. Дар кори ба мардум расонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо мулоқоту вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои меҳнатӣ доир карда шуданду дар аёдати собиқадорон, дастгирии ниёзмандону кӯдакон аз оилаҳои камбизоат саҳми назаррас гузоштанд. Дар ин давра дар ҷаласаҳои барпошудаи ҳаракат масъалаҳои истифодаи самараноки воситаҳои таъсиррасонӣ ба ҷомеа, саҳмгузорӣ дар рушди босуботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ба мардум расонидани ғояҳои ваҳдати миллӣ ва арзишманду муқаддас будани ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар раванди чаласа аъзои Шӯро, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” Абдумуталиб Шарифов перомуни тарғибу ташвиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар васоити ахбори омма изҳори назар кард. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ширкат ва баромад дошт.

Хабарҳои нав