Боздиди гуруҳи кори аз ќисмҳои низоми

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои ҳарбии мустаќар дар шаҳри Исфара мулоқоти гурўҳи таблиғотӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид. Ҳадаф аз ин мулоќотҳо судманд баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии аскарон, бедор намудани ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ чун Истиқлолият ва сулҳу ягонагӣ мебошад. Муовини раиси вилояти Суѓд Зайнура Азими, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён, шоирону нависандагон ва дигар меҳмонон ба ќисмҳои ҳарби ташриф оварда, бо афсарону сарбозон суҳбатҳои самими анчом доданд. Хамчунин дар ин рўз ба ќисмҳои низоми Корвони модарон, ки ба он беш аз 50 нафар модарон шомил буданд, ташриф оварданд.Ҳар нафаре аз онҳо барои сарбозон бо худ савғотиҳо дар шакли нону кулча ва фатирҳои ширмол, самбӯса ва шириниҳои лазизу меваҷот оварда буданд,.Ин иқдоми неку шоиста бешак нишони арҷгузорӣ ба Ватан ва баёнгари эҳтирому эътимоди мардуми мо нисбати муҳофизони Ватан аст. Меҳмонон ва ширкатдорони корвони модарон аз макони хизмату истироҳат, тамрингоҳҳо, амборҳои нигаҳдории маводи озуқа ва хобгоҳи ҳайати шахсии қисми низомӣ дидан намуда, бо шарту шароитҳои будубоши аскарон аз наздик ошно шуданд. Зимни сӯҳбат бо аскарону афсарон бо баробари арзи ташаккур ба онҳо барои масъулияти баланди сарбозӣ, хизмати содиқонаи шабонарӯзӣ ва таъмини амнияту осоиши сокинони мамлакат, аз ҷумла гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сипари боэътимодест, дар муқобили ҳамагуна кӯшишҳои нооромсозии маҷрои муътадили зиндагии мардуми кишвар ва неруи тавоноест дар ҷабҳаи пеши таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти милливу давлатӣ.

Хабарҳои нав