Маҷлиси фаъолони шаҳр

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми соли сипаригаштаи 2020 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод. Дар кори он муовинони Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо,вакилони шаҳрӣ, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд. Нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми соли 2020 муовини Раиси шаҳри Исфара Чаъфархўча Хайдарзода гузориш пеш овард. Зикр карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, кулли сокинони шаҳри Исфара фаъолияти минбаъадаи худро дар асоси Паёми навбатии Президенти мамлакат пеш мебаранд. Дар соли ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,7 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 137 млн. 258,3 ҳазор сомонӣ ва ё 898,3 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 77 млн. 76,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 896,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ 111,7 фоиз таъмин гардида, ба он ба ҷойи 26 млн. 459 ҳазор сомонии нақша 29 млн. 545,7 ҳазор сомонӣ ва ё 3 млн. 86,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ пардохта шуд. Аз 11 намуди сарчашмаҳои андозбандӣ 1 намуди он - андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (85,6 фоиз) иҷро нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 2 млн. 34,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 372,1 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи корхонаҳои дар қайди оморбуда дар ин давра ба андозаи 130,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 95,5 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар аст. Дар ин давра 25 ва ё 49,0 фоизи корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуда, мутаассифона 15 ва ё 29,4 фоизи корхонаҳо ба коҳишёбии истеҳсолот роҳ доданд. Соли сипаригардида сохтмон ва ба истифода додани 6 адад корхонаю коргоҳҳои навбунёди саноатӣ бо таъсиси 120 ҷойҳои кории нав ба нақша гирифта шуда буд, ки дар давраи ҳисоботӣ пурра мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 560,4 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 112,3 фоиз таъмин гардид. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4948,5 тонна гӯшт, 28967,8 тонна шир, 5,8 млн. дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 309,2 тонна, 409,6 тонна ва 942,5 ҳазор дона зиёд мебошад. Дар ин давра ба ҷойи 30 гектари нақша аз ҳисоби заминҳои талу теппа 52,18 га боғи нав бунёд ва 131 гектар боғҳои кӯҳнаву бесамар аз нав барқарор карда шуданд. Кишоварзон дар давраи ҳисоботӣ 27020 тонна картошка, 45646 тонна сабзавот ва 24351 тонна меваҷот ҷамъоварӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки дар ҳудуди шаҳри Исфара 19-адад корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият бурда истодаанд, аз онҳо 4-адад ба коркарди меваю сабзавот, 3-адад ба коркарди маҳсулоти ширӣ ва 12-адад ба банду басти меваи хушк машғуланд. Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои ҳадафҳои муҳим, таъмини иҷроиши барномаҳо ва рушди соҳаҳо,таќвияти корњои тарѓиботи, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи даъвати бахори, мавсими кишту кор ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд. Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ки дар маҷлиси фаъолони Исфара суханронӣ дошт,изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон саҳми босазо мегузоранд. Инчунин дар маҷлис намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Қосимзода иштирок ва суханрони намуд.

Хабарҳои нав