Бо маќсади омӯзиши вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии маҳалҳо, баррасии мушкилоти иҷтимоии мавҷуда

Бо маќсади омӯзиши вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии маҳалҳо, баррасии мушкилоти иҷтимоии мавҷуда, омӯзиши афкори умум ва фикру ақидаи мардум, ҳидояту раҳнамоӣ ва ҷалби халқ ба раванди созандагию ободкорӣ иљрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо сокинони ҷамоати деҳоти Хонобод вохӯрию мулоқоти озод намуд. Ќабл аз мулоќоти судманд, ки дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раќами 40-и деҳа сурат гирифт, шаҳрдори Исфара аз фермаи хурди молпарварии хусусии соҳибкор Машҳура Бобоева дар деҳаи Заркуҳ, заминҳои захиравии хочагии деҳќонии «Диёр» дар деҳаи Яккачинор ва заминҳои истифоданашавандаи хочагии деҳќонии «Мирсаид» дар деҳаи Баланд дидан намуда, бо кишоварзон суҳбатҳои самими анчом дод. Зимни сӯҳбат раиси шаҳр таваҷҷӯҳи аҳли меҳнатро ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин,иҷрои нақшаҳои пешбинигардида, кишти такрории зироатҳо, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, ташкили паррандапарвари,тақвияти корҳо вобаста ба дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла азхуд кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо ҷалб намуд. Баъдан шаҳрдори Исфара ба манзили истиқоматии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдувалū Қаюмов ташриф оварда, бо ин марди зиндадил, собиқадори ҷанг мулоқоти самимӣ анҷом дод ва аз ҳолу саломатӣ ва шароити зисташ пурсон шуд. Бо баробари хабаргирӣ ба қаҳрамонони арсаи ҷанг кӯмаки моддӣ низ расонида шуд. Иширокчии ЧБВ Абдувалū Қаюмов аз ташрифу хабаргирии раиси шаҳри Исфара изҳори сипосмандӣ намуда, аз таваҷҷӯҳӣ ҳамарӯза ба давлату ҳукумат шукргузорӣ намуд. Њамчунин Бањоваддин Бањодурзода ба манзили истиќоматии сокини эњтиёљманди деҳа Савриниссо Насриддинова ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ў пурсон шуд ва кўмаки моддї расонид. Дар раванди мулоќот самимона сокинон бобати муҳимтарин мушкилоти иҷтимоие чун эҳтиёҷмандӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, вобаста намудани сањми замин, пардохти сариваќтии нафаќпулї ва амсоли ин ба шањрдор мурољиат намуданд. Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамзамон бо шунидани арзу дархости мардум ва изҳори омодагии мақомоти иҷроия ҷиҳати мушкилоти иҷтимоӣ дар доираи имконоти мавҷуда, ширкатдорони мулоқотро бо раванди амалигашти иқдомоти густурдаи созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр аз наздик шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорию самаровар ба хотири пешрафт даъват намуд. Тибқи дастуроти раиси шаҳр дар асоси арзу муроҷиатҳои мардум нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳия гардидааст, ки мавриди амал қарор дода хоҳад шуд.

Хабарҳои нав