Боз як иќдоми шоистаи вакили мардуми

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ва вилояти Суғд Абдулмумин Ҳалимов, ки бо шарофати амалҳои густурдаи созандаю бунёдкорона, хайрандешона ва накӯкориҳояш байни мардум соҳибэҳтирому соҳибэътибор гардидааст, боз як иқдоми некро амалӣ сохт.Ахиран бо ташаббуси ин нафари хайрандеш дар маҳаллаи Меҳрободи чамоати деҳоти Кўлканд як трансформатори нави иқтидораш106 / 10 киловолт мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими мавриди истифода ќарор додани ин иншооти ҳаётан муҳим ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори сипос ба вакили мардуми, ҳамзамон зикр дошт, ки сокинони шаҳру деҳоти Исфара чун дигар сокинони кишвар талош доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол намоянд. Раиси љамоати деҳоти Кўлканд Аббосидин Маҳмудов минатдории самимонаи сокинони деҳаро ба Абдулмумин Ҳалимов баён дошта, иқдоми неку наҷиби ўро шоистаи таҳсин ва ибрату пайравӣ донист. Ин иқдоми созандаи вакил боис гардид, ки мушкилоти мардуми мањаллаи навбунёд саҳл гардида, беш аз 350 хоҷагии аҳолӣ бобарқи хушсифат таъмин карда шаванд. Бояд зикр намуд, ки корҳои васлу насб ва ба корандозии таҷҳизоти навро мутахассисони ҶС «Шабакаҳои барқи Исфара» босифати баланд анҷомдода, аз зеристгоҳи Кўлканд то истгоҳи трансформаторї тавассути 20 адад симчӯбҳои оҳану бетонӣ ба масофаи зиёда аз 3 километр хати барќ кашиданд. Бино бар суханони раиси чамоати деҳоти Кўлканд, ин ҳаштумин трансформатор аст, ки давоми як соли охир бо дастгириву саҳмгузории Абдулмуъмин Ҳалимовдар ин ҷо насб карда мешавад. Ќаблан бо хоҳишу дархости сокинони ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд ва Чилгазӣ дар маҳаллаҳои Боғдори, Саъдии Шерози, Ғӯзлон,Навобод, Қалъача,Шаҳрак ва Навободи Болои ин чамоатҳо трансфарматорҳои нав насб ва трансформаторҳои куҳна бо трансформаторҳои иқтидорашон зиёдтар иваз карда шуда буданд. Мавриди зикр аст, ки саҳму нақши Абдулмумин Ҳалимов дар ободонии шаҳр, аз ҷумла сарсабзу обод гардонии ҳудуди ҷамоатҳое, ки аз онҳо вакили Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб гардидааст, басо калон буда, садҳо нафар шахсони камбизоату ниёзманд аз кӯмаку дастгириҳои арзишманди моддию маънавии ин ҷавонмарди накӯкор бархӯрдор гаштаву аз ӯ сидқан сипосгузоранд. Номбурда ба ҷуз пешбурди муваффақонаи умури созандагиву бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи Зумрад ва пурмаҳсул ба роҳ гузоштани фаъолияти вакилии маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ мувофиқ ба талабу дархости интихобкунандагонаш дар ҷамоатҳои деҳоти Шаҳрак, Кӯлканду Чилгазӣ ва Лаккон баҳри ҳаллу фасли муаммову мушкилоти ҷой дошта камари ҳиммат бастааст.

Хабарҳои нав