Боздиди вазири саноат аз шаҳри Исфара

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шерали Кабир аз шаҳри Исфара боздид ба амал овард. Вазири саноат дар роҳбаладии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ», «Тамохуш», Комбинати консервбарорӣ, «Субҳи Ватан»ва «Шираи гандум»дидан намуда, бо вазъи фаъолияти онҳо аз наздик ошно шуд. Бояд тазаккур дод, ки Исфара яке аз шаҳрҳои саноатии дорои имкониятҳои васеъи захираи ашёи хом маҳсуб ёфта, дорои 49 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ мебошад. Дар сурати истифодаву корбурди пурраву самарабахши иқтидорҳои бузурги истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва дигар захираву имкониятҳои моддии мавҷуда, соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр рушду инкишоф ёфта, метавонад дар пешрафту тараққиёт ва татбики ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузорад. Соҳаи саноати Исфара яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он потенсиали калони истеҳсолӣ, аз ҷумла барои истихроҷи ангиштсангу нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кимиёю металлургияи ранга, маводи хӯрока ва консерваҳои мевагию сабзавотӣ мавҷуд мебошанд. Саноатчиёни Исфара бо меҳнати босамар ва амалҳои некбинонаи худ баҳри бунёди ҷомеаи навин ва накӯаҳволии халқ якдилона саъю кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда бо иҷрои Барномаҳои умумидавлатӣ ва соҳавӣ ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи хеш то ҷойе комёб гардидаанд. Новобаста аз ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диққати роҳбарону мутахассисони соҳа ва соҳибкоронро ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти содиротшаванда, таъсиси корхонаҳои нав бо дарназардошти ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ равона кардааст. Зимни суҳбат бо саноатчиён Шерали Кабир таъкид дошт, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишварва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори инвеститсионӣ лозим аст. Амалигашти ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохтор ҳал карда шаванд. Ҳамзамон Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шерали Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хабарҳои нав