БАРҚРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

Дар шаҳри Исфара гурӯҳҳои кории бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда мунтазам дар корхонаю ташкилот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, савдову хизматрасонӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати баландбардории масъулияти шаҳрвандӣ ва маданияти истифодаи неруи барқ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мебаранд. Тарғиботчиён таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба масъалаҳои сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи оқилонаву самараноки он ва афзалиятҳои корбаст аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ равона месозанд. Вобаста ба вазъи дар соҳаи энергетика ахиран ба миён омада диққати ҳозирин ба мавзӯи истифода аз намудҳои дигари сӯзишворӣ, аз қабили ангишту ҳезум ва гази моеъ низ ҷалб карда мешавад. Дар шаҳри Исфара агарчи ҳанӯз хеле барвақт раванди омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон ба роҳ гузошта шуда бошад ҳам, аммо муроҷиатномаи Ширкати Барқи Тоҷик дар робита бо истифодаи сарфакорона ва оқилонаи нерӯи барқ аз роҳбарияти шаҳр ва мақомотҳои марбута тақозо намуд, то чораҳои фаврии иловагӣ андешида шаванд. Ин аст, ки имрӯзҳо дар ин ҷо 29 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ, 24 адад нуқтаҳои доимии ангишт фаъоланду талаботи аҳолиро ба таври бояду шояд таъмин менамоянд. Дар Чамъияти Саҳҳомии Кушодаи "Ангишт"-и шаҳраки Шӯроб бо дарки амиқи вазъи ба амал омада ва афзоиши талабот истихроҷи ангиштро соли 2020-ум ба таври назаррас афзоиш доданд. Агар соли 2019 дар ин корхона ба миқдори 63 ҳазору 450 тонна ангишт истихороҷ шуда бошад, дар соли 2020 ин нишондод 73 ҳазору 939 тоннаро ташкил дод. Зимни суҳбат бо сокинон бароямон аён шуд, ки ғолибан онҳо аз муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» огаҳӣ доранд ва омилҳои мушкилоти кунун ба миён омадаро дуруст дарк мекунанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтаанд барқро асосан барои рӯшноӣ истифода бурда, дар омода намудани таом ва гармкунии иқоматгоҳашон аз ангишту ҳезум ва газ кор бигиранд. Сокинон боварӣ доранд, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ буда, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани ҳар киловатт-соати барқ ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ҷамъият аст.

Хабарҳои нав