Дар арафаи соли нави мелодӣ ичрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баховаддин Баходурзода ба «Хонаи бачаҳо»-и шаҳраки Шӯроб рафта, кӯдаконро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 табрику таҳният гуфта, тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Дар арафаи соли нави мелодӣ ичрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баховаддин Баходурзода ба «Хонаи бачаҳо»-и шаҳраки Шӯроб рафта, кӯдаконро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 табрику таҳният гуфта, тӯҳфаҳо тақдим намуд. Шаҳрдори Исфара зимни суханронӣ гуфт, ки бо саъю талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятиму бепарасаторон ва маъюбу танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Пешвои миллат борҳо таъкид медоранд, ки ««Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд». Ӯ ҳамзамон зикр намуд, ки мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ ба муассисаҳои иҷтимоии кӯдакон эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Зеро дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳӣ хоса фарогиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд. Қобили тазаккур аст, ки дар пайгирū аз даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллū – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомалū Раҳмон дар ин рӯз калонсолон кӯшиш карданд, ки бо густурдани дастархони пур аз нозу неъмати идона табъи кӯдаконро шод гардонанд. Кӯдакону наврасон дар ҷавоб ба таваҷҷуҳ ва меҳрубониҳои меҳмонон барномаи Идонаи омодакардаи худро таҳти унвони «Соли нави файзбор», ки аз дастагули шеъру тарона, рақсу бозиҳои ҷолиб иборат буд, намоиш доданд. Маврид ба зикр аст, ки алъон дар Хонаи бачахо аз гӯшаву канори мухталифи вилояти Суғд 35 нафар кӯдакон бо таълиму тарбияи хуб ва ѓамхории њамаљониба фаро гирифта шудаанд.

Хабарҳои нав