Таќдими туҳфаҳои солинави

Дар пайгирū аз даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллū – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалū Раҳмон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва дастгирии сарпарастон бахшида ба Соли нави мелоди бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин раванд дар арафаи фарорасии соли нави мелодӣ дармактаб-интернати махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр маҳфили идона баргузор гардид.Ба чорабини сарвари муассиса Ҳамидахон Воҳидова хусни ифтитох бахшида бобати ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ дар ҳаққи кӯдакону наврасон ҳарф зад. Дар раванди чорабини муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ва сардори Раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саидзода устодон ва тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифатро бо ҷашни зебову фархунда муборакбод гуфта, барояшон дар соли нав фатҳи қуллаҳо и нав ба нави аз худ созии илмҳои замонаро таманнона муданд. Хамзамон ба тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳ аз номи Маќомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр савғотиҳои солинавū тақдим карда шуд. Қобили тазаккураст, ки дар пайгирū аз даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллū – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалū Раҳмон дар ин руз чун ҳамешагӣ масъулин барои тарбиятгирандагон дастархони пур аз нозу неъмати идона густурда, табъи кӯдаконро шод гардониданд. Кӯдакону наврасон дар ҷавоб ба таваҷҷӯҳ ва меҳрубониҳои меҳмонон барномаи Идонаи омодакардаи худро, ки аз дастагули шеъру тарона, саҳначаву рақсу бозиҳои ҷолиб иборат буд, намоиш доданд. Бояд қайд намуд, ки алъон дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр аз гӯшаву канори мухталифи вилояти Суғд 80 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълиму тарбияи хуб ва муоинаи мунтазами тиббиву табобат фарогирифта шудаанд.

Хабарҳои нав