Табрикоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба муносибати фарорасии Соли нави 2021-и мелодӣ

Ҳамдиёрони азиз! Бино бар гуфтори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад». Мо – тоҷикон, ки ду аср инҷониб мувофиқи солшумории мелодӣ фаро расидани соли навро расман ҷашн мегирем, инак бо соли душвори 2020 хайрбод мегӯем ва Соли нави 2021 – уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мекунем. Ба ин муносибат кулли ҳамватанони азизамон, аз ҷумла ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Исфараи бостониро самимонаю сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустиву саодатмандӣ, бахти сафеду иқболи нек ва рўзгори хушу бобаракат орзу менамоям. Соли 2020 чун марҳилаи муҳими таҳкимбахшии пояҳои давлатдории миллӣ, соли вусъати корҳои ободониву созанда ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона, хосатан чун соли баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баёнгари эҳтирому боварӣ, эътимод ва эътиқоди беандоза ба шахсияти бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар сафҳаҳои таърихи навини тоҷикон сабт хоҳад гашт. Соли 2020 барои аҳли башар, аз ҷумла барои мо тоҷикону тоҷикистониён низ соли санҷишу озмоишҳо ва давраи вазнину ҳассоси муборизаю муқовимат бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус буд ва мо дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумат, сарҷамъии мардум ва муқовимати муташаккилонаи халқамон тавонистем ин марҳалаи хатарзоро нисбати дигар кишварҳои ҷаҳон бо осеби камтарин паси сар намоем. Мавриди зикр аст, ки дар муборизаи дастҷамъонаи мо бо пандемияи коронавирус саҳму нақши соҳибкорону муҳоҷирини зодаи Исфара, ки дар хориҷи мамлакат кору фаъолият доранд, назаррасу шоиста буд. Онҳо бо меҳру муҳаббати беандоза ба сарзамини аҷдодӣ, бо амри дилу виҷдон ва дар пайгирӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳамзамон бо ҷамъоварии наздик 2 миллион сомонӣ маблағ ҷиҳати харидории саривақтию дастраснамоии дорувориҳои зарурӣ, сару либоси муҳофизатӣ барои табибон, маводи безараркунанда, таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ва инчунин барои иҷрои корҳои ободонию мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ба таври назаррас саҳмгузорию мусоидат намуданд, ки барҳақ шоистаи таҳсину офаринҳост. Сипосгузорона бояд қайд намуд, ки соҳибкорони саховатпеша ва эҳсонкори Исфара дар арафаи соли нави мелодии 2021-ум низ камари ҷавонмардӣ баста, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ободонию муҷаҳҳазнамоии иншоотҳо ва дастгирии моддию маънавии тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб, Мактаб-парваришгоҳи бачагони зарир ва қувваи босираашон суст корҳои шоистаро анҷом дода, инчунин нисбати маризони Беморхонаи касалиҳои рӯҳии Лаккон ва дигар шахсони яккаву танҳо, камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру деҳотамон ғамхорӣ зоҳир намуданд. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки қатъи назар аз мушкилоти пешомада ва ҷойдошта соли 2020 барои мардуми фозилу ободкори Исфара марҳалаи муҳими созандагию бунёдкориҳо буд ва мо тавонистем раванди корҳои бунёд ва таъмиру азнавсозии 167 иншоотҳои ҷашнии ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба нақша гирифташударо густариш бахшем, ки куллан мавриди истифодаи ниёзмандон қарор дода шудаанд. Имрӯз сокинони шаҳру деҳоти Исфара бо эътимоди қавӣ ба ояндаи неки давлату халқи хеш ба хотири ободии Ватани азиз ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии худ бо азму иродаи мустаҳкам заҳмат мекашанд. Бигзор соли нави фарорасида чун соли таҷлили ҷашни бузурги миллию давлатиамон, 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҳти сарварию ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созанда гардад! Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Хабарҳои нав