Кадршиносии табибон

Табибони ҳозиқи шаҳру деҳоти Исфара бо баробари пешгирии бемории COVID-19 ба интихоботи пешорӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Мулоқоти табибон бо ҳайати тарғибии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Мадина Бобоиён – муовини раиси шаҳри Исфара, Суруридин Зиёваддинзода – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Таибидин Муҳамедов – сартабиби беморхонаи марказии шаҳр ва Обидбой Аҳмадов – мушовири раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ифсара бо шукргузорӣ ба дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, болоравии сатҳу сифати зиндагӣ, бунёди пояҳои давлати воқеан миллии тоҷикон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Барномаи мукаммалу воқеӣ ва кафолатноки номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ бахусус, тандурустӣ дар ҳафт соли сипаришуда эътибори хоса зоҳир гардид. Дар ҳафт соли минбаъда сифати хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 млрд сомонӣ равона мегардад. Ҳамчунин барномаҳои афзалиятноки тандурустӣ ва ҳивзи иҷтимоӣ барои давраи то соли 2030 амалӣ гардонида шуда, маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимои тадриҷан зиёд мешаванд. Технологияҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣворид гардида, дастрасии аҳолӣ ба хизмтрасонии босифат беҳтар мегардад. Бахусус, минбаъд дар кишварамон соҳаи дорусозӣ тараққӣ хоҳад кард. Табибон Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, уҳдадор шуданд, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихоботи пешорӯ саҳмгузорӣ менамоянд. Табибони номӣ Сайфиддинов Амруллохуҷа – муовини сартабиби БМШ, Кимсанова Муаттара – мудири шӯъбаи таваллудхона, Исмонов Нурилло – мудири шӯъбаи бемориҳои чашм, Файзуллоев Абдусаттор – мудири шӯъбаи амрози дохила, Собитова МАлика – ҳамшираи тиббии шӯъбаи эҳёи хурдсолон, Қӯзиев Умархӯҷа – мудири шӯъбаи осебшиносӣ, Раҳимова Мақсуда – мудири маркази репродуктивии КАТС барои саҳми шоиста дар пешгирии бемории сироятии COVID-19, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва барномаи пешазинтихоботии Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони “Аълочии тандурусти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як зумра фаъолон бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва ифтихорномаҳои Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриву вилоятӣ сарфароз гардонида шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав