Филми “Хиёнат” – кошифи рози хиёнатҳо

Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар ҳақиқат парда аз рўи хиёнатҳои бешумори гурўҳҳое, ки монеаи пешрафтҳои Тоҷикистони азизи мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар гардиданд, бардошт. Розеро ошкор намуд, ки барҳақ сабабгори аслии сар задани душманиҳо ва муқобили ҳамдигар сангар гирифтани тоҷикони бародар шуда, асрори ҷанги шаҳрвандиро шарҳу тафсир кард. Ташкилоти террористӣ- экстемистии ҲНИ аз рўзҳои аввалини ба истиқлолияти миллӣ расидани Тоҷикистон бо кўмаки хоҷагони хориҷии хеш талош дошт, ки дар мамлакати тозатаъсиси мо давлати исломӣ барқарор намояд, зеро пайравони ин ниҳоди ифротгаро ҳеҷ як арзишҳои миллии мо, ҳатто ҳамин истиқлоли миллиро эътироф намекарданд, балки пайваста мекўшиданд, дар фикри адами фарҳанги миллии тоҷикӣ бошанд. Аз ин лиҳоз, аз фурсати муносиб истифода намуда, бо ҳар роҳу баҳона мехост ҷавонону гурўҳҳои мухталифи аҳолиро ба майдонҳо кашида, ин равандро суръат бахшанд. Тарғибу ташвиқи афкори ғаразноки хешро ба истифода аз ин андешаҳои дар паси худ ҳадафҳои дигардошта, ки гўё дар замони Шўравӣ мо аз дину аслу нажоди хеш ҷудо афтодаем ва озодиҳои динии моро маҳдуд кардаанд, ба номи дини мубини ислом рабт дода, хостанд аз иродаву эътиқоди динии мардум ба манфиати худ истифода баранд. Мардуми тоҷик, ки ҳамеша ба ҳама арзишҳо, ҳам диниву миллӣ аз қадим садоқати хоса зоҳир менамуд, аз рўи ҳамин эҳсос ба ин тарғибҳои ҳадафмандонаи ин гурўҳҳо бовар кард. Дар натиҷа нафарони бегуноҳи зиёде қурбони ин дасисаҳо ва мақсадҳои нопок гардиданд, ки бедодгариву зулму ситам ва даҳшат дар қатлу кушори мардумони бегуноҳ дар филми «Хиёнат» ҳамагӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷараёни намоиши филм маълум мешавад, ки бо ҳосил намудани таҷриба ва сабақбардорӣ аз рафтори баъдии раҳбарони ин гурўҳ, ошкор шудани ҳақиқати ин тарғибҳои ғаразнок ва фош шудани аслу бунёди ин «ғамхорони халқ» онҳое, ки ба гуфтаҳои онон бовар кардаву аз пасашон рафтаанд, ҳамагӣ изҳори пушаймонӣ намуда, таассуф дорад, ки кош ҳамон замон ба ин тарғибҳо бовар намекарданд. Ин пушаймонӣ ва гумроҳ шудан аз беҳосилии таҷриба ва дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани тафаккури сиёсӣ дар гуфтори аксари онҳое, ки аз ин роҳ баргаштан таҷассум дорад, ки мо ҳиссиёти ононро дар суханҳояшон дар ҷараёни филми «Хиёнат» маърифат мекунем. Бо гузашти фурсати начандон зиёд мардуми тоҷик тавассути такя бар хиради азалии худ ба маърифати ҳадафҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ - террористии ҲНИ расида, барои ворастагӣ ва таъмини озодиву истиқлоли мардум талош варзид. Интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан роҳи рўшану пайдои ояндаи кишвари моро муқаррар намуд. Аз аввалин фурсат раҳнамои Тоҷикистони навин барои таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ талош намуданд. Бо он ки Пешвои миллат тамоми кўшишҳои барои даст додану сулҳу оштӣ масраф намуда, ҳатто ҷони хешро борҳо ба хатар гузоштанд, аммо эҳсос мешуд, ки ин гурўҳи манфиатхоҳ ва душманони миллат пинҳонӣ боз ҳам барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш амал мекарданд. Филми «Хиёнат» асрори ин пинҳонкориҳоро фош намуд. Давоми солҳои 1991-1997 мо шоҳиди он будем, ки чандин нафар шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат, илм, адабиёту фарҳанг аз ҷониби гуруҳҳои номаълум ба қатл расонида шуданд. Кашфи ҳақиқати ин «гурўҳҳои номаълум» ё « қувваи савум» дар филми «Хиёнат» маълум гардонид, ки аз фурсати душвори сиёсиву иқтисодии мамлакат ин гурўҳҳо даст ба қатлу куштори шахсиятҳои маъруф зада, бо ин роҳ мехостаанд, ки номи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро бадном кунанд, ки гўё ин амалкарди ниҳодҳои давлатӣ аст. Ба ин роҳ онҳо мехостанд, ки эътиқод ва ихлосу иродати мардумро, ки пайваста нисбат ба давлату Ҳукумат зиёд мегардад, коҳиш диҳанд. Ҳатто барои эҷоди ҷангу нифоқ миёни гурўҳҳои дигар сабаб шуда, ба ин ҳамин восита оташи ҷанги шаҳрвандиро боз ҳам фурўшонтар гардонанд. Ташаннуҷи вазъи сиёсӣ ба манфиати душманони миллат буд. Вале шукрона, ки ин тирашон хок хўрд ва бо гузашти солҳо парда аз рўи чеҳраси аслии гурўҳҳои номаълум ва ё қувваи савум,ки душманиҳо миёни мардум эҷод намуда, аз ин роҳ мехостанд, ки давлати Тоҷикистонро бадном кунанд, дар филми «Хиёнат» бардошта шуд. Бо имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ низ равшан гардид, ки ташкилоти эктремистӣ- террористии ҲНИ аз роҳи расидан ба мақсадҳои нопоки хеш барнагашт. Ҳарчанд тибқи бандҳои муайяни Созишномаи мазкур аксари пешниҳоду талаботи онҳо ба иҷро расида, давоми 15 сол намояндагони собиқ ҲНИ, аз ҷумла худи раҳбари ташкилот Муҳиддин Кабирӣ чандин курсиҳоро дар Маҷлиси намояндагон ишғол намуда, нафарони зиёде дар мансабҳои муайян фаъолият доштанд, вале онон чун «душман» дар либоси «дўст» амал карда, мехостанд бо ҳам ба дунболи расидан ба ҳадафҳои хеш бо ёрии хоҷагони хориҷии хеш бирасанд. Аммо тирашон ин навбат низ хок хўрд. Фош шудани пинҳонкориҳои ин гурўҳ, ки муддати понздаҳ боз давом намуда, оқибат дар ошўби генерал Назарзода ошкор гардид, ин ҳақиқатро пеши назари мардуми тоҷик ҷилвагар сохт, ки ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИ ҳаргиз хостори сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон набудааст, зеро онҳо хеҷ гоҳ ҷонибдори истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати миллии Тоҷикистон намуданд ва имрўз ҳам нестанд, ҳарчанд Паймоне ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, ки дар он на паймон асту на миллат. Нуктаи ҷолиб он аст, ки онҳое, ки ҳадафашон бунёди давлати исломӣ буд, дар як они кутоҳ дар қаламрави Аврупо рў аз арзишҳои динӣ баргардонида, акнун аз номи миллат мехоҳанд ҳарф занданд. Оё метавон бар онҳое, ки замоне душмани арзишҳои миллӣ буданду аз арзишҳои динӣ ҳарф мезаданд ва ҳамакнун аз миллат сухан мегўянд, бовар кард? Баробари ин, дар рўзҳои мушкилоти бемории ҳамагири ҷаҳонӣ низ бори дигар мо чеҳраи ононро аз наздик шинохтем. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз ин беморӣ тамоми ҷаҳон ранҷу заҷр мекашад, аммо ин манфиатталабон аз дур истода фурсатталабона мехостанду мехоҳанд, ки ба оташи дарду ранҷи мардум равған рехта, боз ҳам давлату Ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кунанд. Ин дар ҳолест, ки тавре таъкид намудем, аз ин беморӣ вақте тамоми ҷаҳон ранҷ мебаранд, оё ба ҳамин ҳам кишвари мо гунаҳкор аст? Ин бор ҳам равшан шуд, ки ин гурўҳҳо танҳо ҳадафашон халалдор намудан ба вазъи озодиву эҷоди хатар ба истиқлолияти миллии мо мебошад, чун чашмашон ҷилваҳои рўшани номи Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати миллӣ дидан намехоҳад. Оне, ки ғамхори асилу дўстдори мардуми хеш аст, дар ин рўзҳо ба садоқату ихлосу муҳаббаташ мебояд дар канори халқ бошаду дар роҳи пешгирии беморӣ кўмак намояд, на ин ки ғаму андўҳашро афзун гардонида, аз ин изҳори шодмонӣ кунад. Ҳамакнун ва ҳаргиз мардуми тоҷик ҳам чеҳраи аслии ононро ҳамакнун тавассути филми «Хиёнат» бештару пештар шинохтааст ва дигар ҳеҷ гоҳ ба ин ҳангомаву дасисаҳо бовар намекунанд. Ростӣ, ба таври оммавӣ намоиш додани филми «Хиёнат»-ро аз чанд ҷиҳат ба хубӣ истиқбол мекунам: Аввал, тавассути намоиши ин филми ҳуҷҷатӣ воқеан парда аз рўи ҳақиқати воқеоти солҳои навадум, қатлу куштори бераҳмонаи мардум, монеаҳо барои расидан ба истиқлоли комили миллӣ ва дигар саҳифахои норавшани таърихи давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол бардошта мешавад. Воқеан, сабақҳои фаровони омўзанда дорад ин филм, ки дарсҳое аз таърихи навини кишвар медиҳад ва ҳушдор месозад, ки бояд мо ин ҳақиқатро бишносем: Ин истиқлолияти миллӣ, неъмати бебаҳои таърих барои мо ба осонӣ ба даст нарасидааст. Дувум, тамошои ин филмнома барои ҷавонон бисёр муҳим ва қобили аҳамият аст. Маълум аст, ки насли нави Тоҷикистонро метавон аксаран насли давраи баъдиҷангӣ унвон намуд, ки онҳо шукрона, ки ранҷу азиятҳои он даврони душворро надидаанд ва орзумандем, ки ҳаргиз набинанд. Шукрона ин ҷавонон насле ҳастанд, ки зиндагониашон дар айёми комилан осоиштаву ҳузури зиндагонии шоиста сипарӣ мешавад. Ҳама ҷо сериву пуррист ва шояд гумон намоянд, ки ин зиндагонӣ ҳамингуна будааст ва ё сохта шудааст. Имрўз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран ҷонибдорони ин гурўҳҳои ифротӣ вақте аз ягон мушкилот сухан мекунанд, шояд ба ин ҳарфҳои пучу беасос баъзе ҷавонон бовар кунанд. Албатта, ман бовар дорам, ки аксари ҷавонони бомаърифати тоҷик тавассути мутолеа, шинохтанҳо ва маърифати таърих аз ҳар роҳу восита бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳанд ва ин ҳарфҳо ба онон таъсире карда наметавонад. Вале шояд нафаре ҳаст, ки мушкилоти муайяне дорад ва аз рўи эҳсос ин ҳарфҳо имкон дорад, ки ба ў таъсир гузорад. Маълум аст, ки ҳама чизи бузург ба осонӣ ба дар зиндагонӣ ба осонӣ ба даст намеод, ончунонки ин зиндагонии шоистаи имрўзи мо маҳсули чӣ миқдор ҷонбозиву қурбониву ҷасорату матонатҳост. Боварии комил дорем, ки ҳамин дарси сабақомўзи ҳақиқати таърихро, ки Тоҷикистони имрўзи саршори тавфиқҳои мо, зиндагонии шоистаи мардуми азизи тоҷик маҳсули чи қадар ҷонбозиҳо, ҳаллу фасли мушкилотҳо, талошҳо дар роҳи истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз маҳдудаву бунбасту вобастагиҳост, тамошои филми «Хиёнат» ба ҷомеа, хоса ҷавонони саодатманди мо хоҳад омўхт, то ба қадри саодату хушиҳои имрўзи ҷавонии хеш бирасанд. Нуралӣ Нурзод, Муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ

Коментарияҳо

Коментария гузоштан