Мушоҳидони байналмилалӣ

Имрӯз гуруҳи мушохидони байналмилалӣ, ки раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида хоҳанд кард, тариқи гузаргоҳи марзии «Гулистон»-и шаҳри Исфара вориди Тоҷикистон гардиданд. Дар даромадгоҳи шаҳри Исфара меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Баҳовадин Баҳодурзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо самимияти хоса ва меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифтанд. Бино бар иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то ба имрӯз дар Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) , кишвархои Россия, Белорус ва якчанд сафоратхонахои муқими Душанбе номнавис(аккредитатсия) шуда, ба қайд гирифтани намояндагони дигар ташкилотхои минтакавию байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ идома дорад. Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан