ИСФАРА.ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020.

Аз субҳи барвақт дар ҳамаи участкаҳои интихоботии шаҳру деҳоти Исфара маъракаи овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 6-и субҳ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар ҳавзаи интихоботии "Исфара №27" 83 участкаҳои интихоботӣ ташкил ва дар ҳудуди онҳо 162 ҳазору 105 интихобкунанда ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки 4003 нафари онҳо бори аввал дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ширкат меварзанд. Интихобот яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ аст, ки ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳафт соли ояндаи мамлакатро муайян мекунад. Аз ин рӯ чӣ дар маркази шаҳр ва чӣ дар деҳаву шаҳракҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир мешавад. Мардум ба хубӣ дарк мекунанд, ки интихобот яке аз воситаҳои ширкати ҳар шаҳрванд дар идоракунии давлат буда, онҳо бояд аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ ҳатман истифода кунанд. Интихобот - ин далели ҷомеаи демократӣ будани Тоҷикистон аст. Давлат ва миллате, ки ҳокимияташро халқ интихоб мекунад, побарҷост. Дар ҳама участкаҳои интихоботии ҳавзаи "Исфара №27" барои ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, тамоми чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории каронавирус бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар маъракаи интихоботии имсола сокинони шаҳру деҳоти Исфара фаъолнокии хуб нишон медиҳанд. Онҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки аз натиҷаи ин интихобот таҳкими минбаъдаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сатҳу сифати рӯзгори минбаъдаи шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав