Машварати августии омӯзгорон

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Исфара машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кормандони соҳаи маориф аз бурду бохтҳои як соли сипаришудаи худ натиҷабардорū намуда, вазифаҳоро барои соли хониши нав муайян карданд. Нахуст ширкатдорони чорабинӣ аз намоиши дастранҷи мактабиён ва аъзои маҳфилхои ҳунармандони наврас, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг ороста шуда буд, дидан намуданд. Сардори раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саидзода оид ба фаъолияти раёсати маорифи шаҳр дар соли таҳсили 2019-2020 ва вазифаҳо барои соли хониши нав маърӯза намуда, аз дастовардҳои муҳими соҳа ва саҳми Пешвои миллат дар такомули он андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо суръати тамом рў ба пешрафту тараққӣ ниҳода, ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси шаҳри Исфара 85 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 литсей, 1 мактаб-интернат, 1 мактаби хусусӣ ва 1 хонаи бачагон фаъолият доранд, ки дар умум 49424 нафар хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, ба онҳо 3193 нафар омӯзгорони соњибмаълумоту соҳибихтисос таълим дода истодаанд. Имсол аз 3336 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва хатмкунандагони солҳои қаблӣ 2206 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд, ки назар ба соли гузашта 106 нафар зиёд аст. Зимнан тазаккур дода шуд, ки соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявии анъанавӣ ва номӣ барои хонандагони синфи 11 32 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара иштирок намуда, сазовори 21 ҷойҳои намоён гардиданд. Ду нафар толибилмони литсейи №1 бошанд, дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Анталияи Туркия соҳиби ду медали тилло ва ду биринҷӣ шуданд. Дар музокира сарвари литсейи рақами 3 Абдураҳмон Шораҳматов баромад намуда, бобати пешбурди кори таълиму тарбия мулоҳизаҳои судманд баён дошт. Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов зимни баромади хеш аз ҷумла таъкид дошт, ки ба насли навраси имрўза бояд омўзгорон ва аҳли ҷомеа ҳамеша як масъалаи муҳимро хотирнишон созанд, ки ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан - модар, дўст доштани сарзамини муқаддасамон - Тоҷикистони биҳиштосо омилҳое мебошанд, ки барои пойдории давлати соҳибихтиёр ва зиндагии хушбахтонаву рўзгори хуррами наслҳои имрўзу оянда замина фароҳам меоваранд. Сипас, Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар назди ҳозирин маърӯза намуда, аз ҷумла зикр дошт,ки « Сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Шаҳрдори Исфара таваҷҷӯҳи аҳли маорифро бештар ба масъалаҳои ободонū ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимū, баландбардории маҳорату малакаи тахассусии омӯзгорон, таъмини самаранокии раванди таълим ва тарбияи ҳисси худшиносиву худогоҳū ва меҳанпарастū дар ниҳоди хонандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистū, ҳамчунин риояи қатъии талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб кард. Дар фарҷоми машварат ба як қатор кормандони соҳаи маориф сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав