Машварати корӣ

Дар толори маҷлисҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид. Нахуст дар машварати корӣ масъала вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии нави короновирус баррасӣ гардида, гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва сардухтури БМШ Тайибиддин Муҳаммедов шунида шуд. Гуфта шуд, ки бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли мавҷи хуруҷи дуюми коронавирус тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру деҳот зарур аст. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки беҳдошти гигиениро дар ҷойҳои кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кўчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намуда, дар самти пешгириву пурра аз байн бурдани бемории сироятии коронавирус фаъолиятро ҷоннок намоянд. Минбаъд муовини раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода оид ба вазъи омодагиҳо ба маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузориш пеш овард. Дар идомаи кори машварат сардори ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара генерал-майори милитсия Нурулло Орифзода оид ба фаъолияти кормандони шӯъба дар самти мубориза алайҳи ҷинояткориҳои муташаккил, пешгирии қонуншиканӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбҳои ғайрирасмӣ, ҳамкории кормандони милитсия бо ҷомеа андешаҳояшро иброз намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба сарвари ҶС “Корхонаи кимиёвӣ” Субҳоналӣ Шерализода медали Вазорати корҳои дохилии ҶТ “Барои ҳамкорӣ”-ро супорид. Ҳамчунин дар ҷараёни машварат Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода доир ба вазъи иҷрои нақшаи андозҳо аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада ба онҳо дастуру супоришҳо дод. Дар фарҷом масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои густариш бахшидани корҳои ободонӣ дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз нерў ва захираҳои мавҷуда корбариро ҷоннок намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав