ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА СУЛАЙМОНЗОДА АКРАМ РАҲИМ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Муҳтарам варзишгарон. Санаи 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон моҳиятан як рӯзи неку фархунда ва саршор аз ғояҳои нерўмандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва ҷисман солиму руҳан шикастнопазир будан ва ҳар рӯзи арҷгузорӣ ба пирӯзию сарфарозиҳои варзишгарони маъруфи диёр мебошад. Фарорасии ин рӯзи саидро қабл аз ҳама ба собиқадорони соҳа, мураббиён ва варзишгарони муваффақ, ба Устодони варзиш ва Чемпионҳои ҷумҳуриву ҷаҳон аз шаҳри Исфара, дар маҷмӯъ ба кулли варзишгарон ва дӯстдорону алоқамандони он самимона табрику таҳният мегӯям. Ҷоизи зикр аст, ки варзиш аз қадимулайём дар яке аз шуғлҳои дӯстдоштаю писандидаи мардуми мо буд ва Исфараи бостонӣ бо паҳлавонони маъруфу нерӯманди худ шӯҳратёр гашта буд. Дар ҷашну маросимҳои милливу мардумии мо, аз қабили «Сайри гули лола», «Наврӯз», «Сада» ва «Меҳргон» паҳлавонони маъруфу шинохта аз шаҳру навоҳии гуногуни водии Фарғона ба ҳам омада, давоми якчанд рӯз байни ҳам қувваозмоӣ мекарданд ва баргузории мусобиқоти варзишӣ як ҷузъи муҳиму асосии ҷашнҳои идонаи аҷдодони мо маҳсуб меёфт. Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, таваҷҷӯҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор ёфт, зеро, бино бар гуфтори Пешвои муаззами миллат: - «Варзиш воситаи асосии беҳдошти саломатӣ ва василаи беҳтарини муаррифисозии Ватану миллат ба ҷаҳониён мебошад». Боиси ифтихори мост, ки соли равон 6 нафар варзишгарони зодаи Исфара дар мусобиқоти байналмиллалӣ - Икромов Муҳаммад, Воҳидов Ҳикматулло ва Ахмедов Мустафо аз рӯи намуди гӯштин, Асрор Воҳидов ва Муҳаммадхӯҷа Ёқубов аз рӯи намуди бокси касбӣ ва Тешаев Илёсиддин оид ба панкратион пирӯзӣ ба даст оварда, дар самтҳои варзишии писандидаи худ ба дарёфти унвони Чемпиони ҷаҳон шарафёб гардиданд. Дастаи футболи “Исфара” таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти шаҳр, сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпеша қарор дорад. Дар ин радиф, маъмурияти ҶСК “Осоишгоҳи “Зумрад” сарпарастии варзишгарони маъруф Асрор Воҳидов ва Муҳаммадхӯҷа Ёқубовро ба зиммаи худ гирифтааст. Итминони комил дорам, ки варзишгарони мо дар оянда малака ва таҷрибаи худро минбаъд бештар сайқал дода, дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ шарафи Исфараи бостонӣ ва Ватани азизи худро муваффақонаю сарбаландона ҳимоя намуда, парчами давлатии Тоҷикистонро боло хоҳанд бардошт. Мавриди зикр аст, ки барои таълиму тарбияи ҷисмонии насли наврас ва ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, 85 майдончаҳои варзишии наздимактабӣ, 57 толори варзишӣ, 4 муассисаи давлатии варзишӣ, 9 варзишгоҳи калон, 42 варзишгоҳи хурду муосири футболбозӣ, 7 ҳавзи шиноварӣ, 5 адад фитнес-клуб ҳамарӯза фаъолият мебаранд. Соли равон аз ҷониби ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар Муассисаи нақлиётии автомобилии №35, МТМУ №12, ҷамоати деҳоти Чилгазиро майдончаҳои хурди варзишӣ ба истифода дода шуда, шумораи умумии чунин майдончаҳо дар шаҳри Исфара ба 42 адад расонида шуд ва ҳоло мо ба нақшаи гирифтаем, ки боз 10 варзишгоҳи муосирро асосан дар деҳот бунёд кунем. Бунёднамоии варзишгоҳҳо, ки барои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст, тақвиятбахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад. Бояд, ки ҷавонону наврасони мо аз ин гуна шароиту имконияти хубу созгори барояшон фароҳам овардашуда ҳамарӯз самаранок истифода баранд, ба варзиш машғул шаванд ва худро ҷисман обутоб диҳанд. Бо чунин уммедҳои нек кулли варзишгарон ва алоқамандону дӯстдорони варзишро бо идашон сидқан шодбош гуфта, барояшон бахту иқболи нек, азми устувор ва иродаи қавӣ орзу менамоям. Ҳамеша сиҳату саломат ва пирӯзу сарфароз бошед, варзишгарони азиз!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав