Субҳи имрӯз дар майдони ба номи Шоҳ Исмоили Сомонии

Субҳи имрӯз дар майдони ба номи Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID – 19 Акрам Сулаймонзода, бо иштироки аъзои Ситоди шаҳрӣ ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Точикистон Нозимҷон Иброҳимзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ баргузор гардид. Нахуст раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Акрам Сулаймонзода дар иртибот ба дастуру супоришҳои Ситодҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ бобати андешидани тадбирҳои зарурӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сипас муовини Раиси шаҳр Мадина Бобоиён оид ба вазъи роҳандозии тадбирҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳру деҳоти Исфара ахборот пешниҳод намуда, аз паёмадҳои ногувори мавҷи дуюми бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби шаҳрвандон риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои табибон дар рӯзҳои охир боиси нигаронӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва тарзи истифодаи ниқобҳо ва дастпӯшакҳо тақозо мешавад. Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Точикистон Нозимҷон Иброҳимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба омилҳои хатарзои мавҷи дуюми бемории сироятӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маълумотҳо оид ба роҳҳои сироятёбӣ ба бемории коронавируси навъи COVID – 19 собит месозад, хавфи гирифторшавӣ ба ин вирус дар ҷойҳои серодам бештар аст. Аз ин рӯ, роҳи муҳими пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар муқаррароти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷаласа ба масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва суръатбахшии корҳои безараргардонӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан