ИСФАРА. СӮҲБАТИ ОЗОДУ ОШКОРОИ АКРАМ СУЛАЙМОНЗОДА БО ЖУРНАЛИСТОН

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо рӯзи 15 июли соли 2020 нишасти матбуотии раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо ширкати намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид. Дар раванди нишасти матбуотӣ маҳз бо назардошти он, ки қабл аз оғози нишаст ба ҳар яке аз иштирокдорони он варақаи иттилоотӣ (Пресс-Релиз) оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар нимсолаи аввали соли 2020 дастрас гардида буд, Исфара Акрам Сулаймонзода аз баромаду суханронии анъанавӣ худдорӣ намуда, ба журналистон имкони мусоиде фароҳам овард, ки суолу дархост ва пешниҳодоти худро манзур намоянд. Ҳамин зайл, намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ - нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Ҳақиқати Суғд», «Насими Исфара», «Имрӯз», «Ганҷи Исфара», «Хазинаи маърифат», Оҷонсии иттилоотии «Суғднюс», шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Телевизиони Исфара» ва Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара» ба саволу пурсишҳои худ вобаста ба бурду бохти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мавҷуда, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр ва тариқи мубориза бо бемориии сироятии коронавирус, ҳолати таъминоти аҳолии шаҳру деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ, вазъи минтақаҳои наздисарҳадӣ, раванди барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳолати таъминоти аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, нақшаву ниятҳои минбаъдаи созандаю ободкоронаи роҳбарияти шаҳр ва амсоли ин посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар нишаст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - мудири Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Умринисо Пулодӣ иштирок ва суханронӣ дошт. Тавре журналистон дар интиҳои нишасти матбуотӣ худ изҳор доштанд, таассуроту бардошти онҳо аз тариқу раванди баргузории нишаст нек буд, зеро ҳар яке имкон доштанд, ки ба суолу пурсишҳои худ посухҳои мушаххас бигиранд ва зимнан аз ҷониби Акрам Сулаймонзода ба муовинони соҳавии раиси шаҳр ҷиҳати ҳалли фаврию мусбии мушкилоти аз ҷониби журналистон зикргардида дастур дода шуд, ки иҷрои саривақтии онҳо таҳти назари бевоситаи шаҳрдор қарор хоҳад дошт. Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Исфара

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав