Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара собиқадорони меҳнат Абдусамад Шомирсаидов ва Холисҷон Темурҷоновро аёдат намуд. Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорон аз нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар мегирад. Собиқадорони меҳнат аснои мулоқот аз лаҳзаҳои ҷолиби кору фаъолияти хеш ёдовар шуда, барои дастгириҳои доимӣ ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ карданд. Ёдовар бояд шуд, ки Абдусамад Шомирсаидов 14 январи соли 1944 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ў соли 1975 Институти хоҷагии қишлоқро (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) бо ихтисоси муҳандис - технолог хатм намудааст. Аз соли 1960 то соли 2013 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоарзӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо ордени «Дӯстии халқҳо», медалҳо, унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва даҳҳо ифтихорнома қадр шудаанд. Холисҷон Темурҷонов 23 ноябри соли 1942 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ў соли 1965 институти химиявию технологии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандис - технолог ва соли пасон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис -иқтисодчӣ хатм намудааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1987) буда, то соли 2004 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи саноат ва хизмати далатӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1971), Байрақи Сурхи Меҳнат (1981) ва медали «Барои меҳнати шоён» қадр шудаанд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Коментарияҳо

Коментария гузоштан