АРЗИ СИПОСИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА СУЛАЙМОНЗОДА АКРАМ РАҲИМ БА СОҲИБКОРОНИ БУРУНМАРЗИИ ИСФАРА

Муҳтарам соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори бурунмарзии зодаи Исфара, аъзоёни фаъоли Гуруҳи муваққатии мубориза бо бемории сироятии коронавирус COVID-19! Боиси қаноатмандӣ ва шоистаи таҳсину офаринҳост, ки мутобиқи ҳидоятҳо ва дар пайгирӣ аз иқдомоти ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар марҳалаи ҳассосу изтиробангези пайдоиш ва доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятии коронавирус COVID-19 шумо - соҳибкорони ватандӯсту муваффақи зодаи Исфара, ки меҳру муҳаббати ҳар кадоматон ба Исфараи азиз ва мардумонаш ҳадду андоза надорад, маҳз ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти халқи худ аз бемории хатарноки коронавирус ба муборизаи дастҷамъонаи мо ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтӣ бахшидани муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастед ва дар паҳлӯи мо устуворона қарор доред. Кӯмакҳои моддию молиявӣ ва техникии аҳлонаю сарҷамъона ба муассисаҳои тандурустӣ саривақт расонидаи шумо басо арзишманд буда, ман ба якояки шумо - соҳибкорони эҳсонкор, аъзоёни фаъолу ташаббускори «Гуруҳи муваққатии мубориза бо бемории сироятии коронавирус COVID-19» барои амалҳои неку ҷавонмардонаатон сидқан арзи сипос менамоям, бароятон сиҳатмандӣ, комёбию муваффақиятҳои рӯзафзун ва сарбаландию хонаободӣ таманно дорам. Итминони комил дорам, ки мову шумо бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талош ва кӯшишу мусоидати муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро низ паси сар мекунем, аз ин вабои аср комилан раҳоӣ меёбем, ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем ва шаҳри бостонии Исфараро боз ҳам ободу зеботар мегардонем. Ҷашни Ваҳдати миллӣ, Рӯзи наҷоти миллат муборак, соҳибкорони ватандӯст ва саховатпешаю эҳсонкори Исфара! Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав