ИҚДОМИ НАҶИБИ ШАҲРДОР ВА СОҲИБКОРОНИ ИСФАРА ДАР РӮЗИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Субҳи рӯзи 27-уми июни соли 2020 Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим барои муборакбодӣ ва қадршиносии ранҷу заҳмати беандозаи шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустй ба Беморхонаи марказии шаҳр рафт. Дар раванди боздид ва мулоқоти худ бо табибону шифокорони шаҳр Акрам Сулаймонзода ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо назардошти, арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси касбӣ, барои меҳнати софдилона, фаъолияти самарабахш дар давраи пандемияи ҳамагир 93 нафар кормандони соҳаро бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд ва ҳамзамон ба шифокорони сарфарозгардида аз 3000 то 500 сомонӣ туҳфаҳои пулии ирсолнамудаи соҳибкорони бурунмарзии Исфара, ки дар маҷмӯъ 76000 сомониро ташкил медиҳад, тақдим карда шуд Тавре Акрам Сулаймонзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, маҳз ба шарофати ҳидоятҳои сарнавиштсоз, бо иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки дар марҳалаи ҳассоси пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19 қатъи назар аз мушкилоти мавҷуда бехатариии санитарию эпидемиологӣ ва солимии ҷомеаро дар шаҳри Исфара таъмин кунем, ба туфайли муборизаи дастҷамъонаи халқамон як марҳалаи ҳассоси пайдоишу хурӯҷи ин хатару вабои ҳамагирро паси сар намоем. Бояд хосса қайд намуд, ки давоми чанд моҳи сипаригашта ҳайати зиёда аз 3500 нафараи кормандони соҳаи тандурустии шаҳр – Беморхонаи марказӣ, Марказӣ саломатӣ ва Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош ва дар хати сурхи мубориза бо ин вабои ҳамагир қарор доштанд, якҷоя корҳои зиёди зиддиэпидемиявӣ ва фаҳмондадиҳию мафкуравиро анҷом доданд. Шаҳрдори Исфара ҳамчунон бо зикри фаъолияти шабонарӯзии кормандони шуъбаи бемориҳои сироятии шаҳр, қисми ёрии таъҷилӣ ва тибби оилавӣ, беморхонаҳои минтақавӣ таҳти сарварии сартабиби беморхона Мухамедов Таибиддин, ки бо шахсони гумонбар ба ин беморӣ ҳамарӯза рӯбарӯ буданд ва барои ҳифзи сиҳатии онҳо талош доштанд, қобили қайд аст ва барои садоқатмандӣ ба рисолати касбӣ ба кормандони соҳа миннатдории самимонаи худро баён намуд. Бино бар суханони шаҳрдори Исфара, шоистаи таҳсину офаринҳост, ки дар пайгирӣ аз иқдомоти ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин марҳалаи ҳассосу изтиробангез соҳибкорони ватандӯсту муваффақи бурунмарзии зодаи Исфара маҳз ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти халқи худ аҳлона ба муборизаи дастҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтӣ бахшидани муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастанд ва имрӯз низ дар паҳлӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр устуворона қарор доранд. Акрам Сулаймонзода ҳамчунон ба соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкор, аъзоёни фаъолу ташаббускори «Гуруҳи муваққатии мубориза бо бемории сироятии коронавирус COVID-19» низ барои амалҳои неку ҷавонмардонаашон сидқан арзи сипос намуда, ба намояндагони дар шаҳри Исфарабудаи онҳо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Дар раванди чорабинӣ шаҳрдори Исфара ҳамчунон ба сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Ҷанобиддинзода Муҳаммадамин аробачаи маъюбӣ ҳадя намуда, қалби ин нафари ниёзмандро шодмонӣ бахшид. Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори ҷашн ҳамчун арзи сипос барои заҳматҳои беандозаашон ба 118 нафар кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ворух маблағҳои пулии ирсолнамудаи соҳибкорони бурунмарзӣ (ба ҳар яке аз табибон дар ҳаҷми 400 сомонӣ ва ба ҳамшираҳои шафқату кормандони техникӣ ба ҳар яке 300 сомонӣ) тақдим гардидааст.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан