Аёдати собиқадорони меҳнат

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдату хабаргирӣ ва расонидани кӯмаки моддӣ дар арафаи ҷашну маросимҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин радиф Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ барои муборакбодӣ ва аёдат меҳмони чанде аз чеҳраҳои саршиноси шаҳру деҳоти Исфара шуд. Нахуст шаҳрдори Исфара бо ҳамроҳии раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Содирхон Қосимӣ ва кормандони масъули МИҲД ба манзили истиқоматии Бимарҳамат Азизоваи 92 сола ташриф оварда, бо ин зани зиндадил, собиќадори меҳнат мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Бимарҳамат Азизова дар ҷавоби таваҷҷўҳи доимӣ ва ғамхориҳои рўзафзуни роҳбарияти шаҳр ба хотири таҳкими фазои сулҳу созиш ва истиқлолияти давлатӣ даст ба дуо бардошт. Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода минбаъд аз ҳоли шахсони барӯманд, собиқадорони арсаи меҳнат Куброхон Собитова, Избилло Хоҷаев, Башорат Раҳимова ва Баҳром Ахмедов бохабар гардида, эшонро аёдат намуд. Зимни суҳбати самимӣ, дар манзили ин нафарони меҳнатқарину матинирода ва зиндадилу маҳфилоро сурат гирифт, Акрам Сулаймонзода гуфт, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Собиқадорони меҳнат аз ташрифи меҳмонон изҳори қаноатманди намуда, барои эътибору таваҷҷӯҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуданд. Ба ҳамаи аёдатшудагон тӯҳфаҳои идона супорида шуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав