Ниёзмандон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ ва меҳрубонӣ қарор ёфтанд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддаси 23-умин солгарди Ваҳдати миллӣ раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ҳамроҳии муовинони раиси шаҳр Мадина Бобоиён, Оятулло Раҳматзода ва мудири шӯъбаи хизматрасонӣ дар хона Фараҳноз Асламова шахсони яккаву танҳо ва кӯдакону наврасони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим доштанд. Акрам Сулаймонзода зимни суҳбати самимӣ бо онҳо, нахуст эшонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд ва яккаву танҳо зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира дар шаҳру деҳоти Исфара низ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Наврасон ва волидайни эшон барои чунин самимият ва таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин аз ҷониби кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар маҷмӯъ 14 нафар шахсони ниёзманд аёдат гардиданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан