РӮЗИ НАҶОТИ МИЛЛАТ МУБОРАК БОД!

Ҳамдиёрони азиз. Дар радифи дигар санаҳои муҳимму сарнавиштсози милливу давлатӣ 27 июни соли 1997 ҳамчун Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар саҳфаи таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Аз он хотир, ки ба гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт". Мавриди ёдоварист, ки агарчӣ расмияти сиёсии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 анҷом пазируфт, аммо марҳилаи сулҳофаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвари мо аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, бо паёми сулҳнисори Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтаву нидои "Ман ба шумо сулҳ меоварам" –и Ҷаноби Олӣ дар қалби ҳазорҳо мардуми ранҷури диёр шӯълаи умедро фурӯзон карда буд. Аммо, расидан ба роҳи сулҳ барои мо –тоҷикону тоҷикистониён роҳи осону ҳамвор набуд. Роҳбарияти давлат дар раванди ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ бо намояндагони собиқ мухолифин, ки қариб чор сол идома ёфтанд, ба хотири сулҳу салоҳ гузаштҳо мекард, фазои боварию эътимодро фароҳам меовард. Воқеан ҳам ақлу хиради азалии мардуми тоҷик ва маҳз рӯҳи тавонои Пешвои асили халқу миллат, Сармеъмор ва Мунодии сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сангарҳоро шикаста, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ҷамъ овард. Имзои ин санади тақдирсоз оғозбахшои гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию маънавии халқи тоҷик гардид. Ба ин маънӣ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мо номаи тақдир ва ваҳдати комили миллӣ, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва кафили хушбахтии халқамон маҳсуб меёбанд. Ҳамшаҳриёни муҳтарам. Муттаҳидию сарҷамъӣ барҳақ омили асосиву муҳимми пешрафт, пирӯзиҳо ва сарфарозиҳои мост. Маҳз ба шарофати ин омилҳо, бо ҳидоятҳои сарнавиштсоз, бо иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки дар марҳалаи ҳассоси пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19 амнияти миллӣ, санитарию эпидемиологӣ ва солимии ҷомеаро дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Исфара таъмин кунем, ба туфайли муборизаи дастҷамъонаи халқамон ин хатару вабои ҳамагирро паси сар намоем. Боиси шукргузорист, ки рӯзгори мо боз ба низоми аслии худ баргаштааст ва моро мебояд, ки бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ кору фаъолияти худро боз ҳам самаровартар пеш барем, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, бунёди саривақтии иншоотҳои ҷашнии ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташуда ва ба ин васила ободу зебо гардонидани диёр, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволӣ ва таъмини рӯзгори шоистаи халқамон аҳлона меҳнат кунем. Мо бояд истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем, онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем, зеро пояи давлати мо бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд. Ҳамдиёрони арҷманд. Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ман ҳар яки шуморо бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ваҳдати фарогир, халалнопазир ва ҷовидонаи тоҷикон сидқан табрику муборакбод мегӯям Ба Ватани маҳбубамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар яки шумо рӯзгори орому осуда, ободу пурфайз ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагиҳо ва эҷоди зиндагии шоиставу пурбаракати мардумамон барору комёбиҳо орзумандам. Орзуманди он ҳастам, ки ҳидоятҳои ваҳдатофару ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ормонҳои волои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҳамеша раҳнамову илҳомбахши мардуми мо бошанд. ҶАШНИ ФАРХУНДАИ ВАҲДАТ, БАРОЯТОН ФАРХУНДА БОД! Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим

Коментарияҳо

Коментария гузоштан