Ҷамъбасти даъвати баҳорӣ

Дар толори маҷлисҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аъзои ситоди даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбū, кормандони комиссариати ҳарбū, раисони ҷамоатҳо, сардорони мизи ҳарбū, раисони маҳаллаҳо,имом-хатибон ва дигар масъулини соҳа маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Нахуст оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Исфара аз 27 марти соли 2020, «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002-ум ба хизмати ҳарбū дар моҳҳои апрел-майи соли 2020» раиси комиссияи даъват, муовини раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода гузориш пеш овард. Тавре зикр гардид, 1 апрел мувофиқ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбū ва хизмати ҳарбū» дар асоси Фармони Пешвои миллат, Президенти ҶТ, қарорҳои марбутаи раисони вилоят ва шаҳр дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара ба таври расмū маъракаи давати ҷавонон ба хизмати ҳарбū шурўъ гардида, дар ҷараёни маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 265 нафар ҷавонони исфарагū ба хизмати ҳарбū фиристода шуданд, ки ин 100 % нақшаро ташкил медиҳад. Рафти даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишон дод, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Чилгазӣ, Чоркуҳ, Ворух ва Нурафшон корҳои ташкилу баргузорсозии ин маъракаи муҳим дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, ин ҷамоатҳо яке аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро иҷро намуданд. Бо баробари ин таҳлили вазъи имрўзаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбū нишон медиҳад, ки аз тарафи сохторҳои марбута ва масъулини ҷамоатҳо дар самти доирсозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотū, аз ҷумла тарбияи ҳарбū- ватандўстū, тартиб додани рӯйхати саҳеҳи даъватшавандагон камбудиҳо мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи даъвати ҷавонон дар маъракаи тирамоҳū зарур аст, дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои аҳолинишин чорабиниҳои тарғиботū ва ташвиқотū ба таври доимū ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ, тадбирҳои зарурū андешида шаванд. Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода вобаста ба муаммову мушкилоти маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбū аз раисони ҷамоатҳо ва дигар муттасадиён пурсиш ба амал оварда, бо таҳлили ҳамаҷонибаи рафти маъракаи даъват дар маҳалҳо, бо назардошти қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард маҳсуб шудани адои хизмати ҳарбū баҳри дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир намудани маъракаи тирамоҳити даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар шаҳру деҳоти Исфара ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом ба як қатор роҳбарону масъулини сохторҳои МИҲД-и шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва фаъолон, ки дар раванди маъракаи баҳоронаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фаъолнокӣ ва масъулиятшиносии бештар нишон доданд, медалҳои ҷашнӣ ва сипосномаҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуданд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан