Кӯмаки навбатии Пешвои муаззами миллат.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, кумаки саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили ғизо ва доруворӣ тавассути корвони иборат аз 9 мошини пурбор ба шаҳри Исфара ворид гардид. Кӯмаки зикршуда ба табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи шаҳру деҳоти Исфара пешбинӣ шуда, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Кормандони соҳаи тиб ва кулли сокинони шаҳру деҳоти Исфара аз ин ғамхориҳои Президенти ҶТ сипосгузор буда, бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки дар рӯзҳои душвор танҳо нестанд. Ин иқдоми неки Сарвари давлат кормандони соҳаи тибро, ки бо вабой аср-бемории коронавирус ҳамарӯза мубориза мебаранд, шахсони гирифтори ин беморӣ ва тамоми сокинонро рӯҳбаланд сохта, бовариашонро барои бартараф сохтани ҳарчӣ зудтари ин беморӣ боз ҳам қавитар намуд. Зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, бо баробари изҳори сипос ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии кормандони соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми чораҳоро сафарбар намуда истодааст. Кӯмакҳо, ки аз маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ иборат мебошанд, ба табибони мушфиқи Беморхонаи марказии шаҳр, МНДСЭ, КАТС ва 5 беморхонаҳои минтақавӣ ки имрӯз ҷоннисорӣ намуда, шабонарӯзӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз бемории илтиҳоби шуш ва вируси марговари корона заҳмат мекашанд, инчунин ба ҳамаи шахсони мубталои ин беморӣ тақсим карда шуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав