Кормандони соҳаи тибби ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Чилгазӣ

Кормандони соҳаи тибби ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Чилгазӣ, аз кумакҳои Пешвои миллат бархӯрдор гардиданд. Ин кӯмакҳо, ки аз маводи ғизоӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибон ва дорую дармон барои беморон иборатанд, дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба табибон супорида шуданд. Зимни мулоқоти самимӣ бо табибон Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад. Ба 11 нафар табибон, 28 нафар ҳамшираҳои шафқати Маркази саломатии Навгилем ва кормандони хонаҳои саломатии деҳаҳои Маҷнунбед ва Устомулло, дар маҷмӯъ ба 50 нафар кормандони тиб маводҳои озуқаворӣ — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз дастрас карда шуданд. Сарвари Маркази саломатии шаҳр Маъруфҷон Тӯраев аз номи кормандони Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ изҳори сипос намуд. Ба андешаи ҳамшираи калони тиббии Маркази саломатии Навгилем Фотимахон Каримова, «агар хоҳем, ки аз ин бемории сироятии марговар наҷот ёбем, бояд дар атрофи давлати соҳибистилолу ҳукумати ҷумҳуриамон муттаҳид бошем. Танҳо ҳамин муттаҳидию ҳамбастагӣ моро наҷот медиҳад». Зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал дар Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, Акрам Сулаймонзода бо баробари изҳори сипос ба Пешвои миллат барои дастгириву ғамгориҳо, таъкид дошт, ки дар шароити хуруҷи бемории сироятии коронавирус табибони мо беш аз пеш рисолати касбии хешро муваффақона ба анҷом расонида, ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон раҳнамоӣ мекунанд. Кӯмакҳои моддӣ ба 68 нафар кормандони тиб, аз ҷумла 3 нафар духтурон, 29 нафар ҳамшираҳои шафқат, 23 нафар ҳамшираҳои хурди Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Чилгазӣ супорида шуданд. Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов барои чунин кӯмаки саривақтӣ аз номи кормандони соҳаи тиб ва беморони мубтало ба COVID-19 миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки табибон дар айни ҳол шабонарӯзӣ ба муолиҷаи беморон ва пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ машғуланд. Дар ин кор ба онҳо мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону баландҳимату шахсони саховатпеша низ кӯмак мерасонанд. Ёдовар мешавем, ки кӯмакҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии табибон ва беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи шаҳру деҳоти Исфара чанд рӯз пеш тавассути корвони иборат аз 9 мошини пурбор ба шаҳри Исфара ворид гардида буд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав