Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 9 мошини пурбор кӯмаки моддии Пешвои муаззами миллат аз пойтахти мамлакат ба шаҳри Исфара расида омад. Кӯмаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи шаҳру деҳоти Исфараро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст. Ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони Беморхонаи марказии шаҳр, МНДСЭ, КАТС ва 5 беморхонаҳои минтақавӣ маводи хӯрокворӣ ва дорувориву маводи тиббӣ дастрас мегардад. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаву марказҳои саломатӣ сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад. Зимни тақсимоти маводи мавриди ниёзи аввал, ки бо иштироки роҳбарияти шаҳр сурат гирифт, бо баробари изҳори сипос ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва пуштибониву ғамгории саривақтӣ, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии кормандони соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият ва зиндагии шоистаи онҳо тамоми чораҳоро сафарбар намуда истодааст.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав