АРЗИ СИПОСИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА СУЛАЙМОНЗОДА АКРАМ РАҲИМ БА СОҲИБКОРОНИ МАҲАЛЛӢ ВА БУРУНМАРЗИИ ЗОДАИ ИСФАРА

Ҳамшаҳриёни азиз! Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимамалкунанда доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият дошта, фаъолияти ҳамаи идораю сохторҳои дахлдор ба ин мақсад равона карда шуда, то имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Фаъолияти муназамму самарабахши беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ ва дигар лавозимоти зарурию аввалиндараҷа, роҳандозии корҳои зиддиуфунӣ, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравию огоҳонии сокинон, риояи қатъии талаботи беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ таҳти назорати ҷиддии Ситоди доимамалкунанда қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳама самтҳои марбута, бо дарки масъулияти амиқ ба таври шабонарӯз корбарию мусоидат дорад. Боиси қаноатмандӣ ва шоистаи таҳсину офаринҳост, ки дар ин маврид аҳли ҷомеа, соҳибкорони маҳаллӣ, алалхусус соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори бурунмарзии зодаи Исфара, ки меҳру муҳаббаташон ба Исфараи азиз ҳадду андоза надорад, маҳз ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардуми худ аз бемории хатарноки Коронавирус ба муборизаи дастҷамъонаи мо ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтӣ бахшидани муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастаанд ва дар паҳлӯи мо устуворона қарор доранд. Имрӯз аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори бурунмарзии зодаи шаҳру деҳоти Исфара, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳри Москва кору зиндагӣ доранд, 100 маҷмӯъ либосҳои махсуси ҳимоявии 001, ба маблағи умумии 45000 сомонӣ, ба Беморхонаи марказии шаҳр тақдим карда шуд, ки 40 маҷмӯи он бо назардошти саҳми хоссаи соҳибкорони хайрандеши ворухӣ ба Беморхонаи минтақавии Ворух дастрас мегардад. Тибқи иттилоъи расида рӯзҳои оянда боз миқдори муайяни доруҳои зиддивирусӣ аз ҷониби ҷавонмардони хайрандешу накӯкори диёр дастраси муассисаҳои тандурустӣ мегардад. Ҷойизи зикр аст, ки бо ташаббусу иқдоми соҳибкорони ватандӯсту хайрандеш Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулахатов ва ҳамсафони онҳо 5 рӯз қабл аз ин дар Федератсияи Россия иқдоми наҷиб ҷиҳати таъсиси гурӯҳи эҳсонкорон ҷиҳати дастгирии мардуми худ дар муборизаи бо бемории сироятии Коронавирус рӯйи кор омад ва аз ҷониби кулли соҳибкорони зодаи Исфарамарз ҳамовозию ҷонибдории васеъ пайдо намуд. Бо истифода аз маврид мехоҳам миннатдории самимонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзоёни Ситоди доимоамалкунанда, роҳбарияти Беморхонаи марказӣ ва кулли сокинони шаҳрро ба ташаббускорони иқдомоти хайрандешонаю эҳсонкорӣ ва соҳибкорони муваффақу саховатманди диёр Сорбон Савриддинов, Муҳаммадсафо Раҳимов, Абдуқаюм Фозилов, Фахриддин Қурбонов, Ҳафизхон Каримов, Нӯъмонҷон Ахмедов, Абдувоҳид Қаҳҳоров, бародарон Абдуфаттоевҳо ва Бузуруковҳо, Рауфҷон Қаюмҷон, Аҳадхон Атохонов, Амирхон Убайдуллоев, Абдумуталим Маҷидов, Содирхӯҷа ва Файзуллохӯҷа Неъматуллоевҳо, Матлубиддин Қозиев, Каюмарс Қаҳҳоров, Абдухаллоқ Раҳимов, Сомон Савриддинов, Шууриддин Исломов, Паймон Исломиддинов, Мақсуд Раҳимов, Рахимов Воҳид, Абдуризо Абдулаҳадов, Рашобиддин Тӯхтаев, Манучеҳр Бобохонов, Иброҳимҷон Зокиров, Рамзиллохӯҷа Хусаидов, Акмал Бобокаримов, Сарҳад Нуриддинов, Абдухаллоқ Мерганов, Икром Нозиров, Суфёниддин Каромиддинов, Хусрав Масъудов, Шерозиддин Турдиев ва дигар аъзоёну фаъолони Гурӯҳи муваққатии мубориза бо Ковид – 19, ба кулли ҷавонмардони баландҳиммати диёр баён менамоям. Инчунин, ба бародарони олиҳиммату эҳсонкор Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва ҳам ба соҳибкори накӯкор Абдуҷалил Савриддинов, ки дар ин рӯзҳои неки моҳи шарифи Рамазон ба зиёда аз 5000 нафар сокинони камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру деҳот бо маводи ғизоӣ кӯмак расонида истодаанд, сидқан ташаккур мегӯям. Албатта, дар як рӯзи нек ва фурсати муносиб мо ба якояки онҳо расман сипосгузорӣ ва дар сатҳи шоиста онҳоро қадршиносӣ хоҳем кард. Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи роҳбарону табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасони беморхонаву дармонгоҳҳо, МНДСЭ, марказҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара итминони комил дорад, ки мо бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии ҷомеаҳои меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, шаҳри бостонии Исфараро боз ҳам ободу зеботар мегардонем. Пайнавишт: Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим арзи сипоси худро ба унвонии соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи Исфара дар раванди ҷаласаи назоратӣ, дар ҳузури роҳбарони идораю сохторҳои ва раисони чамоатҳои шаҳраку деҳот баён намуданд. Аз масъулини ситодҳои эҳсонкори дар ҳудуди минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва Қазоқистон амалкунанда эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки миннатдории самимонаи мардумамонро ба кулли ҷавонмардони асили диёр расонанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав