Дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди шаҳрӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии сирояти короновирус дар шаҳру деҳоти Исфара андешидани тадбирҳои зарурӣ идома доранд. Дар ин радиф бо дастури Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар шаҳру деҳоти Исфара тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра гузаронида мешаванд. Ин навбат аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр бо ҷалби техникаҳои муосири соҳавӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Бинокори маркази шаҳр тадбирҳои беҳдоштии кӯчаҳои маҳалла гузаронида шуд. Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус анҷом ёфта, роҳу кӯчаҳои шаҳр асосан шабона безарар гардонида мешаванд ва он набояд сабаби ба таҳлука афтодани сокинони шаҳр гардад. Бояд қайд намуд, ки ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар дигар кӯчаву маҳалла ва ҷамоату шаҳракҳо амалӣ карда хоҳад шуд. Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус, дар корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро, яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ва муҳими пешгирӣ аз вируси навъи нав чораҷӯиҳои санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд. Дар ин маврид шаҳрвандонро зарур аст, ки бо қоидаҳои беҳдошти саломатӣ риоя намуда, баҳри эмин нигоҳ доштани худ ва атрофиён бо ҳисси масъулиятшиносӣ чораҳои пешгирӣ, гигиенаи шахсӣ, тозаву озода намудани манзилу макон, кӯчаву маҳаллаҳоро амалӣ ва комилан риоя намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав