Дар шаҳру деҳоти Исфара

Дар шаҳру деҳоти Исфара тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус тақвият бахшида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ фаъолият дошта, дар корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро, яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ва муҳими пешгирӣ аз вируси навъи нав чораҷӯиҳои санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин кормандони соҳаи тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ имрӯзҳо корҳои заруриро дар самти пешигирӣ аз вируси навъи нав — COVID-19 анҷом медиҳанд. Ахиран дар асоси нақшаи таҳиянамудаи Ситоди шаҳрӣ бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди Бозори марказии шаҳр тадбирҳои беҳдоштӣ амалӣ карда шуданд. Ёдрас мешавем, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 11 март хурӯҷи коронавируси COVID-19–ро пандемия эълон намуд. Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда, шумори гирифторони ин беморӣ аз 2 миллион нафар гузаштааст. Бино ба маълумоти расмӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар онҳо то имрӯз сироятёбӣ аз коронавируси навъи нав-COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин маврид шаҳрвандонро зарур аст, ки бо қоидаҳои беҳдошти саломатӣ риоя намуда, баҳри эмин нигоҳ доштани худ ва атрофиён бо ҳисси масъулиятшиносӣ чораҳои пешгирӣ, гигиенаи шахсӣ, тозаву озода намудани манзилу макон, кӯчаву маҳаллаҳоро амалӣ ва комилан риоя намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав