ИСФАРА: СӮҲБАТИ РӮБАРӮИ РАИСИ ШАҲР БО СОҲИБМУЛКОН ВА ФУРӮШАНДАГОНИ БОЗОРИ МАРКАЗӢ

Рӯзи якшанбеи 19 апрели соли равон раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар бозори марказӣ қарор дошт ва ҳамзамон бо омӯзиши нархи анвои молу маҳсулот бо соҳибмулкони бозор, инчунин фурӯшандагону харидорон мулоқоту сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод. Омӯзиши вазъу ҳолати бозори истеъмолӣ, сифати маҳсулот ва сатҳи хизматрасонӣ, пешгирии раванди болоравии нархи молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, ҳолати риояи талаботи беҳдоштӣ – гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ҳадафҳои асосӣ аз ин боздид маҳсуб меёфтанд. Раиси шаҳр ба масъулини раёсати иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва ҷамъияти матлуботи шаҳр, ки зимни боздид ӯро ҳамроҳӣ доштанд, ҷиҳати таъмини фаровонии бозор, назорати нархи молу маҳсулот, ба масъулини Бахши Кумитаи амнияти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри ҷиҳати санҷиши ҳамарӯзаи сифати маҳсулоти ғизоӣ, инчунин ба соҳибмулкони бозор оид ба мунтазам гузаронидани чораҳои безараргардонӣ, риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ аз ҷониби фурӯшандагон, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд ва инчунин таъмини қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав